Пайёмбар бо шиъори "Ман Шарли" дар маҷаллаи Charlie Hebdo нашр мешавад

© Flickr \ Carlos ZGZМаҷаллаи Charlie Hebdo. Акс аз бойгонӣ
Маҷаллаи Charlie Hebdo. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумораи тозаи “Шарли Ебдо” бо 3 миллион нусха рӯзи 14-уми январ бо нақше аз пайёмбари ислом Муҳаммад мунташир хоҳад шуд. Дастандаркорон гуфтанд, ки ин “шумораи зиндамондагон аст” – зеро он бидуни ҷалби кормандони изофӣ таҳия шудааст.

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Шумораи ҷадиди Charlie Hebdo бо теъдоди 3 миллион нусха рузи 14-уми январ бо танзе ба пайёмбар Муҳаммад ки шиъори Je suis Charlie "Ман Шарли" дар даст дорад, мунташир хоҳад шуд, хабар медиҳад РИА Новости.

Зикр мешавад, ки пайёмбар бо либоси сафед дар сафҳаи аввали маҷаллаи танзомез зери унвони Tout est pardonne ("Ҳама бахшида мешаванд") мунташир мешавад. Пайёмбар Муҳаммад дар сафҳаи аввал дар зерранги сабз ва ғамолуд тасвир хоҳад шуд.

Шумораи ҷадиди маҷалла рӯзи чаҳоршанбе ба фурӯш гузошта мешавад. Тирожи ин шумораи Charlie Hebdo 3 миллион нусха хоҳад буд, ҳарчанд дар гузашта тирожи он 60 ҳазор нусха буд ва тахминан нисфе аз он ба фурӯш мерафт.

"Мо ҳаргиз аз тасмими худ рӯй намегардонем, зеро дар акси ҳол ин ҳама маънӣ надорад" — мегӯяд вакили дифоъи маҷалла Ришар Малка, ки қаблан изҳор дошт, ки дар шумораи ҷадид корикотурҳо ба пайёмбар Муҳаммад ва танзҳои дигаре ба мавзӯъи мазҳаб ва сиёсат мунташир мешаванд.

Дар идораи маҷалла ин шумораро "шумораи зиндамондагон" унвон мекунанд, зеро онро кормандони амонёфтаи Charlie Hebdo бидуни ҷалби хабарнигорони изофӣ таҳия мекунанд.

Дар Фаронса аз 7-уми январ, рӯзе ки муҳоҷимон ба дафтари Charlie Hebdo ҳамла карданд, силсилаи ҳамалоти терористӣ оғоз шуданд. Муҳоҷимон ба дафтари маҷаллаи танзи Charlie Hebdo дар Порис ҳамла карда ва сӯйи ходимони он тирпарронӣ карданд. Муҳоҷимон аз ҷойи ҳодиса фирор карданд. Дар пайи ин ҳамла 12 нафар кушта ва 11 нафар захмӣ шуданд.

Дертар дар Фаронса раҳпаймоии ваҳдат сурат гирифт, ки иқдоми бесобиқа дар даҳсолаҳои ахир дониста мешавад. Тибқи иттилоъи расмӣ дар он беш аз якуним миллион нафар (ба иттилоъи ғайрирасмӣ — беш аз се миллион нафар) ширкат карда хотири қурбониёни ин ҳамлаи терористиро гиромӣ доштанд.

"Мо Шарли нестем"

Дар ҳамин ҳол дар расонаҳои ҷаҳонӣ дар бораи онҳое, ки алайҳи раванди ҷунбиши "Ман Шарли" ҳастанд, иттилоъ мунташир шудааст. Нахуст дар ин робита сиёсатмадор Жан-Мари ле Пен изҳори назар кардааст. Ба ӯ дар сойтҳои иҷтимоӣ блогнависон ҳамроҳ шуданд, ки дар куллия манотиқи ҷаҳон гурӯҳҳои "Мо Шарли нестем" таъсис медиҳанд.

Дар сойти иҷтимоии Facebook чанд сафҳае бо номи Je ne suis pas Charlie (Ман Шарли нестам) боз шудааст, ки теъдоди ширкаткунандагонаш ба 34 ҳазор нафар расидааст.

Яке аз ин гурӯҳҳо дар Facebook аз афроде, ки тоза ба ин сойти иҷтимоӣ ворид мешаванд, даъват кардааст, ки ба ҷунбиши "Ман Шарли нестам" пайваст шуда ва мухолифи нажодпарастӣ, исломгароӣ ва ҷудоихоҳӣ будани худро эълом кунанд.

Фаронса узви иттиҳоди байналмиллалӣ аст, ки ба мавзеъҳои "Давлати исломӣ" дар Сурия аз 23-уми сентябр ҳамалоти ҳавоӣ анҷом медиҳад. Аз моҳи август ҳамалоти мушобеҳ дар Ироқ низ сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0