ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Шуҳрат Қудратов ба 9 соли зиндон аз сӯи Додгоҳи Душанбе маҳкум шуд, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".
Қаблан, айбдоркунандаи давлатӣ барои Қудратов 11 соли зиндон талаб карда буд. Раисикунандаи мурофиа, зимни қироати ҳукм гуфт, бо назардошти қонуни авф аз се як ҳисаи он кам шуда ва барои нуҳ сол аз озодӣ маҳрум мешавад. Инчунин, Қудратов баъди адои ҷазо ду сол ҳаққи фаъолияти адвокатиро нахоҳад дошт.
Зимни суханронии охиринаш, Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси муттаҳам дар қаллобию порадиҳӣ аз Додгоҳи Душанбе тақозо кард, ки тафтишоти судии парвандааш аз нав анҷом шавад. Суханронии Қудратов дар додгоҳ 12 январ сурат гирифта буд.
"Ҷузъиёти парвандаи ман дар рафти мурофиа пурра омӯхта нашудааст", — таъкид кард ҳуқуқшиноси муттаҳам.
Раисикунандаи мурофиа посух додааст, ки ин дархостро дар хонаи машваратӣ меомӯзад. Дар идома Қудратов иттиҳоми порадиҳиро алайҳи худ беасос хонда, изҳор доштааст, ки "боре ҳам аз пора суҳбат накардааст".