ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар ҳашари ниҳолшинонӣ ба сокинон ваъда додааст, ки чор соат лимити нерӯи барқро камтар хоҳанд кард, менависад "Радиои Озодӣ".
Ин ваъдаро раиси ҷумҳур ба даҳҳо сокини ҷамоати Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ, ки 8 январ дар ҳашари ниҳолшинонӣ ҳамроҳ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон будаанд, додааст.
Бархе аз иштирокдорони ҳашари ниҳолшинонӣ рӯзи 12 январ дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфтаанд, донистан мехоҳанд, бардоштани лимити ваъадгӣ аз кай шурӯъ мешавад.
Ширкати "Барқи тоҷик" гуфтааст, ҳоло ин масъала дар баррасист ва хулосаи ин ниҳод дертар барои матбуот ошкор хоҳад шуд.
Ба қавли дафтари матбуоти "Барқи тоҷик", фасли зимистон ва сардиҳову яхбандиҳо дар пешанд, вале ин ниҳод кӯшиш хоҳад кард, роҳи ҳалли ин масъаларо пайдо намояд ва лимити барқ дар навоҳии дурдастро то ҳадди имкон коҳиш бидиҳад.
Ҳар сол дар фасли тирамоҳу зимистон дар Тоҷикистон лимити нерӯи барқ ҷорӣ мешавад ва дар ин муддат аксар манотиқи кишвар, бахусус дар рустоҳо, дар шабонарӯз аз 5 то 7 соат барқ мегиранд. Бунёди нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 шиддати лимитро каме пойин овард, вале камбуди барқ дар фасли зимистонро пурра аз байн набурд.
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, танҳо баъди сохтани нерӯгоҳи Роғун лимити барқ барҳам мехӯрад.
Дар 4 соли охир Бонки ҷаҳонӣ машғули таҳияи арзёбии асноди фанниву иқтисодӣ ва паёмадҳои иҷтимоиву экологии тарҳи нерӯгоҳи Роғун буд. Ин ниҳод дар моҳи сентябр хулосаҳояшро нашр кард ва гуфт, тарҳи нерӯгоҳи Роғун дар сурати дуруст сохта шуданаш хатари ҷиддие надорад.