ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Райисҷумҳур ба масъалаи ноадолатона тақсим шудани неруи барқ дар ҷаласаи ҳукумат, ки рӯзи ҷумъа, 28-уми ноябр баргузор шуд, таваҷҷӯҳ зоҳир кард, менависад сомонаи раисҷумҳур.
"Эмомалӣ Раҳмон диққати асосии масъулинро ба тақсимоти ноодилонаи барқ ба сокинони кишвар равона карда, талаб намуд, ки реҷаи таҳияшуда бояд ҷиддан риоя шавад",- қайд кард манбаъ.
Раҳмон инчунин доир ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соли равон, зимистонгузаронии бонизом ва дастгирии оилаҳои ниёзманд дар арафаи соли нави мелодӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Ба ҳисоби миёна дар фасли зимистон аҳолӣ ҳамагӣ ним шабонарӯз бо барқ таъмин асту бас. Гузашта аз ин, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ худсарона реҷаи интиқоли барқро вайрон карда, сокинонро аз барқ маҳрум месозанд.
Маҳдудияти интиқоли барқ дар ҷумҳурӣ ҳамасола дар мавсими тирамоҳ ва зимистон оғоз мегардад, аммо имсол он барвақттар, аз 1 октябр шурӯъ шуд. Дар ширкати "Барқи тоҷик" ин тасмимро ба коҳиш ёфтани маҷрои руди Вахш ва кам гардидани захираи об дар обанбори Норак маънидод карданд. Маврид ба ёдоварист, НБО-и "Норак", ки аз обанбори мазкур истифода мекунад, ҳудуди 80 % барқи тавлидии кишварро истеҳсол мекунад.