Ҳакерони исломгаро ду сомонаи шаҳрҳои Фаронсаро шикастанд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкГулгузорӣ дар назди сафорати Фаронса дар Маскав ба хотири қурбониён. Акс аз бойгонӣ
Гулгузорӣ дар назди сафорати Фаронса дар Маскав ба хотири қурбониён. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳуҷуми ҳакерӣ ба сомонаҳои шаҳрҳои Эзанвил ва Гусенвил, ки ба ҳайати маъмурии департаменти Валь-д'Уаз дохил мешаванду он тобеи минтақаи пойтахтии Ил-де-Франс аст, сурат гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Ҳакерони исломгаро сомонаи интернетии ду шаҳри Фаронсаро мавриди ҳуҷуми киберӣ қарор дода, ба нишонии нашрияи Charlie Hebdo таҳдид равон намудаанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Ҳуҷуми ҳакерӣ ба сомонаҳои шаҳрҳои Эзанвил ва Гусенвил, ки ба ҳайати маъмурии департаменти Валь-д'Уаз дохил мешаванду он тобеи минтақаи пойтахтии Ил-де-Франс аст, сурат гирифтааст.

Ҳакерҳо дар сомонаи ин ду шаҳр рамзи "Давлати исломӣ"-ро ҷо дода бо забони англисӣ навиштанд: "Озодӣ ба Фаластин, марг ба Фаронса, марг ба Charlie Hebdo". Инчунин, дар он маълумоте интишор шудааст, ки гурӯҳи L'APoca-Dz ин амали ҳакериро анҷом дод.

Бар асари ҳамлаи афроди ношинос ба идораи маҷаллаи ҳаҷвии фаронсавии Charlie Hebdo ("Шарли Эбдо") дар Порис 12 нафар, аз ҷумла, сардабири маҷалла Стефан Шарбоне маъруф ба тахаллуси "Шарб" ва рассомон Жан Кабу, Жорж Волински ва Бернар Верлак ё"Тину" кушта шуданд.

Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳодисаи террористӣ дар Порис

Миёни қурбониёни ҳамла, ки баъд аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбеи 7-уми январ сурат гирифт, ду корманди полис ҳам ҳастанд. Вазъи чаҳор нафар аз 20 каси ҷароҳатбардошта вахим арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи шоҳидон, ба идораи маҷалла, ки дар маркази шаҳр воқеъ аст, чанд мард бо сарпӯшҳои  сиёҳ ва мусаллаҳ бо автоматҳо ворид шуданд. Баъд аз чанд лаҳза садои тирандозӣ баланд шуд, сипас одамони мусаллаҳ биноро тарк намуданд.  

Аз таърихи "Charlie Hebdo"

Аввали моҳи январи соли равон маҷаллаи ҳаҷвии Charlie Hebdo дар 64 сафҳа шумораи вижаи худро ба нашр расонд, ки дар он тасвирҳои танзомези Муҳаммад, паёмбари ислом чоп шуда буд.Стефан Шарбонер, сардабири ин маҷалла ҳафтаи гузашта гуфт, "агар мардум бихоҳанд ҳайратзада шаванд, ҳайратзада хоҳанд шуд".

Соли гузашта бошад, чопи тасвирҳои танзомез дар бораи Муҳаммад (с) дар маҷаллаи Charlie Hebdo сабаби муваққатан бастани намояндагиҳои дипломатӣ ва марказҳои фарҳангии Фаронса дар баъзе кишварҳои мусулмоннишин шуд, зеро бими он мерафт, ки имкон дорад, дар он кишварҳо тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шавад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0