Бо 435 сомонӣ чӣ гуна бояд зист?

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкЗеленый рынок в Душанбе
Зеленый рынок в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон инҳо чун маҳсулоти ғизоӣ ба рӯйхат шомил карда шудаанд: нон, маҳсулоти ордӣ, лубиё, картошка, маҳсулоти полезӣ, меваҷоти тоза, шакар, шириниҳо, маҳсулоти гӯштӣ, моҳӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм, равғани рустанӣ ва ғайра.

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Сабади истеъмолӣ дар Тоҷикистонро 435 сомонӣ арзёбӣ шудааст. Вале ин суол бидуни посух монда, ки бо ин 85 доллар (435 сомонӣ) чӣ гуна бояд зист, агар як халта орд 30 доллар (150 сомонӣ) арзиш дорад?

Бино бар навиштаи сомонаи Tojnews, ин арзёбӣ дар ҳолест, ки сохтори сабади истеъмолӣ танҳо аз ғизо иборат нест:   

  • маводи ғизоӣ
  • молҳои ғайриғизоӣ
  • хизматрасониҳо

Инак, маводи ғизоӣ. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон инҳо чун маҳсулоти ғизоӣ ба рӯйхат шомил карда шудаанд: нон, маҳсулоти ордӣ, лубиё, картошка, маҳсулоти полезӣ, меваҷоти тоза, шакар, шириниҳо, маҳсулоти гӯштӣ, моҳӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм, равғани рустанӣ ва ғайра.

Нархҳои воқеъӣ дар бозорҳои шаҳр бино бар навиштаи расонаҳо чунинанд:

Гӯшти мурғ — 15-20 сомонӣ бо назардошти истеҳсолкунандаи он

Картошка — аз 2 сомониву 80 дирам то 3 сомониву 50 дирам

Биринҷ — як килограмм 10-12 сомонӣ

Орд — 3 сомониву 50 дирам (навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон)

Шир — 4 сомонӣ ба ҳар литр

Шакар — 5 сомонӣ

Акнун метавонем ҳисоб кунем, ки ҳар одам аз ин маҳсулот дар як шабонарӯз бояд чӣ миқдор истеъмол кунад.

Маҳсулоти ширӣ. Дар як шабонарӯз 100 грамм ва дар як моҳ 3 кило панири дулмашуда (творог) (48 сомонӣ), 500 грамм кефир (барои як моҳ 90 сомонӣ) ва ё рӯзе 250 грамм шир (моҳе 30 сомонӣ) масраф мешавад.

Тухми мурғ — ба ҳисоби 5 маротиба дар як ҳафта 20 дона дар як моҳ (16-сомонӣ)

Гӯшт/моҳӣ — 100 гр. дар шабонарӯз ва ё 3 кило дар як моҳ (120-150 сомнӣ)

Ярма — 2-3 кило ҳар моҳ, аз ҷумла марҷумак (гречка) ярмаи ҷав (перловка), лубиё, нахӯт ва ғ. (ба ҳисоби 7 сомонӣ ба ҳар кило, мешавад 20 сомонӣ дар ҳар моҳ).

Нон — 1 нон дар як рӯз (30 сомонӣ ҳар моҳ)

Меваву сабзавот — 400 грамм дар як шабонарӯз ва ё 12 кило ҳар моҳ (аз ҳисоби  миёнаи арзиши 5 сомонӣ ба ҳар кило, ки 60 сомонӣ мешавад).

 Ғайр аз ин сухан дар бораи маҳсулоти ғайриғизоӣ низ меравад ва дар Тоҷикистон ба номгӯи ин маҳсулот либосворӣ аз қабили палто, костюм, шим, курта, каллапӯш, либоси таг, пойафзол, рупӯши хоб, молҳои талаботи аввалия, дору ва ашёҳои гуногуни беҳдоштӣ дохил шудаанд.  

Арзиши палтову шиму костюм дар бозорҳои шаҳр аз 100 доллар шуруъ мешавад, пойафзол аз 20 доллар, дорувору баъди тағйирёбии қурби доллар то 10 дарсад гарон шудааст.

Ин ҷо хизматрасониҳо, аз ҷумла гармидиҳӣ, масрафоти барқ, газ, оби гарму сард ва ҳатто хароҷот барои нақлиёт низ дохил мешавад. Барои нақлиёт ҳар кас то 50 сомонӣ дар як моҳ масраф мекунад, барои истифодаи нерӯи барқ дар фасли зимистон ҳар хонавода давру бари 100 сомонӣ пардохт мекунад. Барои хизматрасониҳои алоқа низ ҳудудан 100 сомонӣ ё худ 20 доллари амрикоӣ масраф мешавад. 

Ин дар ҳолест, ки маоши ҳаддиақал дар кишвар 200 сомонӣ эълон шудааст. 

Тибқи қонунҳои роиҷ, сабади истеъмолӣ дар панҷ сол як маротиба ҳисобу китоб мешавад. Сомонаи аз қавли таҳлилгарон менависад, ки дар кишвари мо ҳанӯз ҳам бо ченакҳои замони Шӯравӣ сабади истеъмолиро муайян мекунанд. Дар ҳоле, ки ҳам нархҳо ва ҳам масрафот дар чаҳорчӯби ин ҳисобҳо намеғунҷанд.

Лентаи хабарҳо
0