ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Дар раванди маъракаи омодагӣ ба интихобот аз ҲХДТ 20 ҳазор таблиғгар ширкат менамояд, менависад сомонаи ин ташкилоти сиёсӣ.
ҲХДТ дар раванди маъракаи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ва маҷлисҳои шаҳраку деҳот бо 20 ҳазор таблиғгарон дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот шурӯъ аз 15 январи соли ҷорӣ фаъолияти худро рӯзҳои наздик оғоз мекунанд.
"Аз ин миқдор 7 ҳазор таблиғотчӣ, 7 ҳазор нозирони миллӣ ва зиёда аз 6 ҳазор волонтёрон аз ҳисоби фаъолони ТҶҶ «Созандагони Ватан» мебошанд",-омадааст дар хабари манбаъ.
Ҳизби ҳоким 28 номзади худро ба вакилӣ дар парлумон тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод сохта, дар ҳамаи ҳавзаҳои якмандатӣ низ бо номзадҳояш ширкат хоҳад кард.
Интихоботи даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумони мамлакат) рӯзи 1 марти соли равон баргузор хоҳад шуд.