ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Раҳоии Гулрухсор Сафиева, ҳамшираи шафқати рабудашуда меҳвари асосии сӯҳбати Ардашер Қодирӣ, сафири Тоҷикистон дар Қатар ва Абдуллоҳ Муҳаммад Ал-Соидӣ, вазири умури хориҷаи Яман буд, менависад сомонаи ВКХ-и ҶТ.
Гуфтанист, Қодирӣ бо супориши вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Яман, ҳамоҳангсозии берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолати пеш омадани зарурат ва мусоидат дар озодкунии Гулрухсор Рофиева ба Яман сафар намудааст.
"Зимни сӯҳбат сафири Тоҷикистон дархости вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Асловро ҷиҳати иқдомоти бештари ҷониби яманӣ дар раҳоиши шаҳрванди Тоҷикистон Гулрухсор Рафиева баён дошт. Ҷониби яманӣ таъкид кард, ки мавзӯи раҳоии шаҳрванди Тоҷикистон дар авлавият қарор дорад ва пайгирии қазия идома дорад",- омадааст дар хабари манбаъ.
Ҳамон рӯз вохӯрии Қодирӣ бо вазири корҳои дохилии ҷумҳурии Яман Ҷамол Рувайшон доир гашт, ки зимни он аз ҷониби яманӣ дархост гашт, то дар раҳоии шаҳрванди Тоҷикистон ҷаҳди бештар намоянд.Ҷамол Рувайшон иброз дошт, ки мавзӯи мазкурро зери назорати шахсӣ мегирад ва мекӯшад, то дар фурсати кӯтоҳтарин натиҷае ба бор ояд.
Рӯзи 29-уми октябри соли гузашта, Гулрухсор Рофиева, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шӯъбаи занонаи шифохонаи низомии шаҳри Маъриби Яман кор мекард, дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр рабуда шуд. То ҳанӯз макони будубоши табиби тоҷик мушаххас нашудааст.
Ба иттилои ВКХ-и ҷумҳурӣ айни замон дар ҷумҳурии Яман 200 табиби тоҷик (бо шумули аъзои хонаводааашон) кор мекунанд. Гулрухсор Рафиева дар он кишвар бо шартномаи як ширкати Русия фаъолият мекард.