ВКХ ҶТ ба сокинони Тоҷикистон сафар ба Яманро тавсия намедиҳад

Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор додааст, ки аз сафар ба давлати Яман худдорӣ кунанд ва барои тоҷикистониёне, ки дар он кишвар қарор доранд, гуфтааст, дар сурати ноором шудани вазъ минтақара фавран тарк намоянд.

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хостааст, бинобар зиёд шудани одамрабоӣ дар Ҷумҳурии Арабии Яман, то замони беҳтар шудани вазъ аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд, омадааст дар сомонаи ВКХ.

"Бино бар ташаннуҷи вазъи амниятӣ дар Ҷумҳурии Арабии Яман ва  афзоиши ҳодисаҳои рабудани шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш мекунад, ки муваққатан аз сафар ба Яман худдорӣ кунанд"- қайд мешавад дар хабари манбаъ.

Дар ин огаҳии вазорат, ки рӯзи 24-уми декабр дар торнамои вазорат нашр шуд, ҳамчунин аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Яман кору зиндагӣ мекунанд, хоста шудааст, ки бисёр эҳтиёткор бошанд ва ба ҷойҳои пуродам ва ҷамъомади гурӯҳҳои алоҳида нараванд дар сурати бад шудани вазъи амниятӣ Яманро тарк кунанд.

Рӯзи 29-уми октябри соли равон, Гулрухсор Рофиева, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шӯъбаи занонаи шифохонаи низомии шаҳри Маъриби Яман кор мекард, дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр замоне рабуда шуд. То ҳанӯз макони будубоши табиби тоҷик мушаххас нашудааст.

Айни замон вазъият дар кишвари арабии Яман муташанниҷ аст.

Лентаи хабарҳо
0