Котиби Суди Олии Иқтисодӣ аз зиндон раҳо шуд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкДодгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Додгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарори афви Асроров 26-уми декабр бо назардошти ҷуброни зарари расондашуда, содир гардида, афвшуда дар толори суд аз ҳабс озод гардид.

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Асроров Азимҷон, котиби Суди Олии Иқтисодии Тоҷикистон, ки дар гирифтани 52 ҳазор доллари пора муттаҳам мешуд, аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе афв шудааст, менависад оҷонсии "Озодагон".

Қарори афви Асроров 26-уми декабр бо назардошти ҷуброни зарари расондашуда, содир гардида, афвшуда дар толори суд аз ҳабс озод гардид.

Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Додгоҳи иқтисодии Душанбе боздошт шудааст

Қаблан Оҷонсии зидди фасод Асроровро дар он муттаҳам карда буд, ки барои ба манфиати театри анъанаҳои миллии «Гаҳвора» бекор кардани ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон — Ҳоҷимуродова, Шокирова ва Толиббекова тобистони соли 2014 дар се ҳолат дар маҷмуъ 52 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтааст.

Баҳси судӣ миёни "Гаҳвора" ва Додситонии генералии Тоҷикистон будааст, ки бо қарори Суди иқтисодии Душанбе ба манфиати давлат ҳал шуда буд. Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, гарчанде тағйири ин қарор ба салоҳияти Асроров дохил намешавад, ӯ тариқи қаллобӣ 52 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта аз худ кардааст.

Дар Тоҷикистон ба муносибати 20-умин солгарди қабули Сарқонун дар ибтидои моҳи ноябри соли 2014 авфи саросарӣ эълон гардида буд. Бар асоси ин авф ҳазорон нафар аз зиндон ва боздоштгоҳҳо раҳо шуданд. Раҳоии Асроров низ бар асоси ин авф иттифоқ уфтодааст.

Лентаи хабарҳо
0