ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Оҷонсии зидди коррупся дар нисбати Шарифзода Раҳим Зариф, раиси Додгоҳи иқтисодии Душанбе барои порахӯрӣ парванда боз карда, тафтишоти пешакӣ идома дорад, иттилоъ медиҳаж сомонаи мақомот.
Тафтишот бар ин назар аст, ки боздоштшуда аз мансабаш суйистифода карда, дар моҳи августи соли равон 7 ҳазор доллар ришва гирифтааст.
"Шарифзода бо истифода аз вазифаи раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ҳамчун шахси мансабдор, аз шаҳрвандон барои иҷрои масъалаи корафтодагон ришва меситонидааст. Дар моҳи августи соли равон раиси Додгоҳи иқтисодии пойтахт ҳангоми баррасии аризаи даъвогии шаҳрванд Соҳибназаров Ф. барои бекор кардани таъиноти додгоҳӣ, аз вай 7000 доллар талаб кардааст.Вай дар моҳи августи соли равон тахминан ҳудуди 4000 долларро шахсан аз Соҳибназаров. Ф гирифта ва маблағи 3000 доллари боқимондаро тавассути котибони маҷлиси судӣ Ҳабибов Ҳ.Ҷ. ва Нусратуллозода А.Н. гирифтааст"-менависад Оҷонсӣ.
Оҷонсии зидди коррупсия барои ин амали раиси Додгоҳи иқтисодии Душанбе тибқи моддаи 319 қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ ва алайҳи котибон Ҳабибов Ҳ. ва Нусратуллозода А. парванда ҷиноӣ боз карда, тафтишоти пешакӣ ҳоло идома дорад.
Боздошти раиси Додгоҳи иқтисодии Душанбе дар ҳолест, ки охири моҳи октябр се полис ба иттиҳоми ришваситонӣ аз сӯи Оҷонсии зидди коррупсия боздошт шуда буданд. Аз ин қабл як додраси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои сабук кардани ҷазои айбдоршаванда, маблағи 4 ҳазор доллар талаб карда буд ва аз сӯи маъмурони Оҷонсии зидди коррупсия боздошт гардид.