ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир 158 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба таҳсили ғайрирасмии динӣ машғуланд, гуфтааст Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо. Дар ин бора оҷонсии Озодагон хабар медиҳад.
Масъулини кумита зимни нишасти хабарие 6 январ гуфтаанд, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз кишвар ғайрирасмӣ таълимоти динӣ мегирифтанд, қаблан 3 ҳазору 54 нафарро ташкил медод.
"Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ дар маҷмӯъ 2896 нафари онҳо ба Ватан баргардонида шуданд", — хабар додаан масъулин.
Дар соли 2014 ҳудуди 23 иттиҳодияи динӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин нишондод, як ташкилоти динии Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ, як масҷиди ҷомеи марказӣ, чор масҷиди ҷомеъ ва 17 масҷиди панҷвақта мебошад.
Масъулини Кумитаи дин шумораи боз шудани парвандаҳо дар робита ба нақзи талаботи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро 495 адад эълон намуданд, ки ба гуфтаи онҳо аз ҳама бештар риоя нашудани талаботи ин қонун дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст. Дар вилояти Хатлон 135, вилояти Суғд 185, шаҳри Душанбе 60, вилояти Бадахшон 9 ва дар шаҳру навоҳи тобеи марказ 106-то ба қайд гирифта шудааст, менависад Озодагон аз қавли кумитаи дин.