ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ мегӯяд, дар рӯзҳои наздиктарин чаҳор марзбони тоҷик, ки дар Афғонистон дар асорат қарор доранд, раҳо хоҳанд шуд, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.
"Дар ҳоли ҳозир, мақомоти Тоҷикистон ҳамаҷониба музокира пеш бурда истодаст, то сарҳадбонон ҳарчӣ зудтар пас гардонда шаванд. Намояндаҳои раёсати марзбонӣ бо худи сарҳадбонони асир сӯҳбат кардаанд ва аз аҳволи ҳаррӯзаи онҳо бохабаранд",- иброз доштааст генерал Раҳмоналӣ аснои мусоҳиба.
Манбаъ меафзояд, намояндагони мақомоти Тоҷикистон бо раҳбарони гурӯҳе, ки сарҳадбонони тоҷик дар асорати онҳо қарор доранд, низ мулоқот кардаанд ва натиҷаи ин гуфтушунидҳо нишон медиҳад, ки ҳамаи ин 4 сарҳадбони тоҷик ба зудтарин фурсат раҳо хоҳанд шуд. Генерали тоҷик аммо хабареро, ки гӯё ҷангиёни Толибон дар ивази сарҳадбонони тоҷик 9 миллион доллар талаб кардаанд, беасос шуморида, иброз доштааст, ки танҳо бо роҳи музокира имкони раҳо кардани сарадбонон мавҷуд аст.
Қаблан, Саид Сарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи фармондеҳи амнияти вилояти Қундузи Афғонистон ба "Озодӣ" гуфта буд, ки гурӯҳи Толибон дар ивази раҳоии чаҳор марзбони рабудашудаи тоҷик 9 миллион доллар талаб доранд.
Як гурӯҳи мусаллаҳи номаълум шоми 19-уми декабри соли гузашта чаҳор марзбони тоҷикро дар марзи вулусволии Имом Соҳиб ба асорат гирифт. Гуфта мешавад, ки ин марзбонон аснои ҷамъоварии ҳезум рабуда шудаанд. Бар пояи иттилооти кашфии ниҳодҳои амниятии афғон, Толибон дар ивази раҳоии ин чаҳор сарбози тоҷик, аз Тоҷикистон хоҳони раҳоии ду нафар аз ҷангҷӯёни тоҷик ҳастанд, ки чанд моҳ пеш аз сӯи нерӯҳои амниятии афғон дар ин вулусволӣ асир гирифта шуда буданд. Ҳамчунин онҳо хостори раҳоии як узви шабакаи Ал-Қоида ҳастанд, ки чанд моҳ пеш бо либоси занона боздошт шуда буд ва ҳоло дар Қундуз нигоҳ дошта мешавад.
Вулусволии Имом Соҳиб дар қисмати шимолии вилояти Қундуз ҷойгир аст ва бо ноҳияи Қумсангири Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Дарёи Панҷ (Омӯ) аз ҳамин сарҳад мегузарад ва ҳамчунин ҷангалзоре дар ин қитъаи марз вуҷуд дорад.