Голфбозии Обама базми арӯсиро халадор кард

© wikimedia.orgБарак Обама, президенти ИМА голф бозӣ мекунад. Акс аз бойгонӣ
Барак Обама, президенти ИМА голф бозӣ мекунад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вақте ба ҷуфти дилдодаҳо хабари дар ин клуб голфбозӣ кардани Обамаро расониданд, онҳо маҷбур шуданд, ки барои баргузории ҷашни арӯсӣ 24 соат қабл аз он ҷои дигар пайдо намоянд.

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Обама аз навхонадорон барои "қариб вайрон кардани маъракаи никоҳашон" маъзарат хост, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Дар арафи баргузории тӯйи хонадоршавӣ ба низомӣ —Эдвард Мэл ва Натали Хеймел аз маъмурияти президенти ИМА иттилоъ доданд, ки барои маъракаи никоҳ аз баҳри клуби иҷорагирифтаашон дар Гавайя бароянд, зеро Барак Обама бо дӯстони мактабиаш тасмими бозии голфро дар он ҷо дорад. Онҳо маҷбур шуданд 24 соат қабл аз ҷашн ҷои дигареро барои чорабинӣ пайдо кунанд.

Обама аз ин иттифоқот пас аз баргузории тӯй хабардор шуда, шахсан ба арӯс занг зада узр пурсидааст.

"Гӯшт кунед, шуморо ба ҷашни арӯсиатон табрик менамоям. Ман худамро нороҳат ҳис мекунам. Дар ин бора қаблан касе ба мо нагуфта буд. Мебахшед, барои он ки нақшаҳоятон дигар шуд, аммо ман фикр мекунам шумо ҷуфти хушбахт хоҳед буд, ҷашни хубе хоҳед дошт. Ҳадди аққал таърихи шавқовареро соҳиб шудед",-  хабар медиҳад СNN.

Обама баъди дар соли 2009 ба мақоми раисиҷумҳурӣ расиданаш беш аз 160 раунд голф бозӣ кардааст. Баъзан мухолифини сиёсӣ аз ин дилбастаии президент  ба голф интиқод мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0