Тақвияти реҷаи муҳофизати марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкСарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти ҷадиди Афғонистон Ашраф Ғанӣ ваъдаи танзими сиёсии вазъ дар кишварро дода, аз ҷангиёни Толибон ва ҷонибдорони онҳо хост, барои ҳалли мушкил бо ҳукумати ваҳдати миллӣ сари мизи гуфтушунид бишинанд.

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Сарҳадбонони тоҷик аз 30-декабр ба реҷаи қавии ҳимояи марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон гузаштанд, иттилоъ медиҳад CA-News дар истинод ба як манба аз дафтари матбуотии КДАМ-и ҶТ.

"Мо бо сабаби анҷоми маъмурияти неруҳои низомии НАТО ва ИМА дар Афғонистон, ба реҷаи махсуси хидмат гузаштем. Ин реҷа то 2 январ идома хоҳад кард",- гуфтааст мусоҳиби оҷонсӣ.

Эътилофи байнулмилалии неруҳои низомии хориҷӣ таҳти раҳбарии НАТО бо баргузории маросими вижа дар шаҳри Кобул рӯзи 28 декабр ба ҳузури 13-солааш дар Афғонистон хотима бахшид.  "Низомиёни НАТО аз Афғонистон берун шуда, дар он ҷо қувваҳои ҳарбии начандон қавии маҳаллиро дар рӯёрӯи Толибон боқӣ мемонанд",- қайд мешавад дар хабари манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, баъд аз хатми рисолати нерӯҳои байнулмилалӣ низ беш аз 13 ҳазор афсару сарбози хориҷӣ дар Афғонистон боқӣ мемонанд ва ба тамрину машварати нерӯҳои ҳукуматӣ машғул хоҳанд шуд.

Нерӯҳои байнулмилалӣ соли 2001 баъд аз ҳамлаи террористӣ ба шаҳрҳои Ню-Йорк ва Вашингтон ба амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон шурӯъ карданд. Дар авҷи ин мубориза дар Афғонистон тақрибан 140 ҳазор низомӣ аз 51 кишвари олам ҳузур доштанд.

Лентаи хабарҳо
0