Дархости Зайд Саид барои рӯбарӯкунӣ бо Убайдуллоев

© SputnikСаҳифаи Зайд Саидов дар шабакаи Facebook
Саҳифаи Зайд Саидов дар шабакаи Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зайд Саидов, вазири собиқи саноати Тоҷикистон, ки алъон дар зиндон аст, дар ҷараёни тафтиши парвандааш талаб кардааст, ки ӯро бо як зумра аз мансабдорони баландпояи ҳукумати кишвар рӯбарӯ кунанд.

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik.Соҳибкор ва сиёсатмадори зиндонии тоҷик талаб кардааст, ки ӯро бо се манбсадори баландмақоми Тоҷикистон- Давлаталӣ Саидов, муовини аввали сарвазир, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва Матлубхон Давлатов, реферанти калони президент рӯбарӯ кунанд, иттилоъ медиҳад ОИ Авеста дар такя ба вакили мудофеи Саидов.

Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов гуфтааст, рӯзи гузашта, 29-уми декабр бо зерҳимояш мулоқот кардааст  ва дар ин бора ба тавоффуқ расидаанд. Ба гуфтаи адвокат, Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Давлаталӣ Саидовро дар робита ба парвандаи "Тоҷиксохтмонбайналмилал" дар умури сохтмонии бинои "Душанбе-Плаза" мехоҳанд, бо зерҳимояаш рӯбарӯ кунанд. Давлаталӣ Саидов пеш аз муовини аввали нахуствазир таъин гардиданаш раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ буд. Инчунин, дар ин вазифа қаблан Матлубхон Давлатов низ фаъолият мекард.

“Пойтахт”- ро аз Зайд Саидов гирифтанд

"Аз Оҷонсии зидди фасод хостем, баробари рӯбарӯкунӣ бо мақомдорони зикршуда, инчунин як қатор кормандони ширкати "Тоҷсохтмон-байналмилал" низ даъват карда шаванд. Лекин Оҷонсӣ то куҷо ин дархости моро қабул мекуанд, вақт нишон медиҳад",-иброз доштааст вакили мудофеи Саидов.

Исҳоқ Табаров илова намуд, ки феълан тафтишоти парвандаҳои иқтисодии зерҳимояаш комилан ба анҷом расида, эҳтимол аст, ки барои тасдиқ ба прокуратураи генералӣ ирсол гардида бошанд.Ба қавли адвокат, зерҳимояааш то содир шудани ҳукми додгоҳ дар боздоштгоҳи муваққатӣ, ё худ СИЗО нигоҳдорӣ мешавад. Дар мавриди вазъи саломатии Саидов вакили дифоъ изҳор дошт, ки зерҳимояаш рӯҳан хеле устувор аст, вале саломатиаш хуб нест.

"Аммо ҷисман Зайд Саидов аз дарди меъда ранҷ мебарад ва шабҳо хобаш намебарад",- гуфтааст адвокат.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон рӯзи 19 майи соли 2013, баъди бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир ва 25 декабри соли 2013 аз сӯи Додгоҳи олӣ бо ҷурмҳои сангине тибқи чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон  - "таҷовуз ба номус"(моддаи 138 КҶ), "бисёрзанӣ"  (моддаи 170), "қаллобӣ" (моддаи 247) ва "ришваситонӣ"  (моддаи 319) ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

Мақомот пас аз панҷ моҳи маҳкумияти оқои Саидов эълон карданд, ки алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — моддаҳои 245, қисми 4, банди "б" (азхудкунии моликият ба миқдори махсусан калон) ва 340, қисми 2 (сохтакории ҳуҷҷатҳо) парвандаи нав боз кардаанд ва ҳоло тафтиши он идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0