ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик ба пешниҳоди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мавриди пешбарии номзадиаш ба интихоботи Маҷлиси намояндагон розӣ нашуда гуфтааст, ҳомии ҳуқуқ боқӣ хоҳад монд, менависад Радиои Озодӣ.
"Курсиҳои парлумон дар дасти намояндагони ҳизби ҳоким аст ва агар намояндаи ин ҳизб бошӣ, ба осонӣ соҳиби курсии Маҷлиси намояндагон мешавӣ. Аз ин рӯ, вакил будан дар ин парлумон чандон ҷолиб нест, вале аз ҳуқуқи як дармондаю мӯҳтоҷ ҳимоят кунӣ, ба суди ҷомеа хоҳад буд", — гуфтааст Бобоназарова.
ҲНИТ ба ӯ пешниҳод карда буд, ки номзадии худро дар ҳавзаи якмандата пешниҳод кунад ва ин ҳизб аз вай ҳимоят хоҳад кард, "вале пас аз андешаи зиёд дар бораи фаъолияти вакилӣ дар як парлумони камранг, аз ин иқдом даст кашидааст", меафзояд Бобоназарова.
Ойниҳол Бобоназарова аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон буда, дар интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар соли гузашта аз сӯи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотталаб номзади мақоми раёсатҷумҳурӣ шуда буд, вале бинобар ҷамъ наовардани имзоҳои матлуб, аз сабқат берун монд. Ӯ дар таърихи Тоҷикистон аввалин зане буд, ки ба ин мақом пешбарӣ шудааст. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва сарвари созмони "Перспектива +" аст.
Имрӯз, 29 декабр дар ҳавзаҳои интихоботӣ сабти номи номзадҳои якмандата шурӯъ шуд. Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 1-уми марти соли оянда баргузор мешавад ва ҳашт ҳизби сиёсии кишвар аллакай феҳристи номзадҳои худ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявиро эълон кардаанд.