Ойниҳол Бобоназарова: гирифтани пора “фарҳанги миллӣ” шудааст

© Официальная страница О. Бобоназаровой в FacebookОйнихол Бобоназарова
Ойнихол Бобоназарова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вай аз даврони декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ буданаш дар ибтидои даҳаи 90 асри пор мисол оварда, он замонро ба ҳолати имрӯзӣ қиёс кардааст.

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ойниҳол Бобоназаров, ҳуқуқшинос ва собиқ номзад ба курсии президентӣ мегӯяд, гирифтани пора ба "фарҳанги миллӣ" бадал шудааст. Дар ин бора вай бо оҷонсии "Озодагон" суҳбат кардааст.

Вай аз даврони декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ буданаш дар ибтидои даҳаи 90 асри пор мисол оварда, он замонро ба ҳолати имрӯзӣ қиёс кардааст.

"Вақте декан будам, рӯзе як зан омад ва хоҳиш кард фарзандашро баҳо гузорам, чун аз оила камбизоат аст. Ба ин дилам сӯхт. Он ҷавон дар ҳузури комиссия ҷавоб дод ва баҳо гирифт. Баъди чанде он зан барои ман мӯзаи бисёр хушрӯ ва дар он замон бисёр ҳам камёфт овард, ман нагирифтам ва гуфтам, модар, агар зуд намеравед пулисро хабар мекунам, писаратонро хориҷ мекунам, боз акт мекунам, ки ба ман пора пешниҳод кард. Ва он зан тарсиду зуд аз дар берун шуд. Дар он вақт агар касе пора мегирифт барои ман даҳшат буд. Аз ҳама даҳшати калон барои ман ҳамин буд. Имрӯз гирифтани пора "фарҳанги миллӣ"- и мо шудааст. Ҳатто дар он вақт мардум тарзи додани пораро ҳам намедонист", — афзудааст Бобоназарова.

Собиқ декани факултаи ҳуқуқшиносӣ дар робита ба хешутаборбозӣ ва доду гирифти пора ҳодисаи дигареро дар суҳбати "Озодагон" ба ёд овардааст. Вай гуфтааст, президенти вақти Тоҷикистон Раҳмон Набиев боре барои хотири додарарӯсаш бо Ойниҳол тамос гирифта, хоҳиши баҳо гузоштан ба додарарӯсашро кардааст.

"Ман хоҳиши Раҳмон Набиевро рад кардам. Набиев гуфт, ман як президент чӣ тавр шумо маро гӯш намекунед, шумо чанд президент доред? Ман гуфтам, мебахшед ман умуман президент надорам ва барои шумо овоз надода будам. Маро интихоб карданд, шумо маро таъйин накардаед, ки ба сари ман дуғ занед. Баъди чанд рӯз Набиев боз телефон кард ва гуфт, духтарам, ин ҷияни занам аст, занам нони хурдагима заҳр карда истодааст, илтимос аз имтиҳон гузарон. Баъди ин ман пешниҳод кардам, ба ҳамаи он нафароне, ки аз имтиҳон нагузаштанд, имконият дода шавад. Ман гуфтам, ин тавр намешавад, ки ман аз байни 16 нафаре, ки нагузаштааст, ҷияни шуморо интихоб кунам. Гуфтам ба ҳамааш як бори дигар имконият медиҳам, шумо ягон муаллимро пул диҳед, берун аз дарс ҷияни шуморо дарс диҳад. Ҳамин тавр кард, ба "чор" ҷавоб дод, баъдан "се" мондем", — илова кардааст Бобоназарова.

Хонум Бобоназарова дар айни ҳол роҳбари созмони "Перспектива+" аст, ки бештар ба масоили ҳуқуқӣ сару кор дорад. Дар соли 2013 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ӯро ба ҳайси номзад дар интихоботи президентӣ пешниҳод кард. Аммо тими Бобоназарова натавонист барои расман ба қайд гирифтани вай миқдори 210 ҳазор имзоро ҷамъ биорад. Ба ҳамин тартиб, вай аз сабқати интихоботи ақиб уфтод. Ойниҳол Бобоназарова бо назарот ва андешаҳои хос дар ҷомеа матраҳ аст.

Лентаи хабарҳо
0