Пешвои ҲНИТ раҳбарии Ситоди интихобтии ҳизбро ба зимма гирифт

© Sputnik / Амир ИсаевБинои ҲНИТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бинои ҲНИТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарии ситодро, ки қаблан муовини раис Муҳаммадалӣ Ҳайит ба уҳда дошт, бевосита раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ба дӯш гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Ситоди омодагӣ ба интихоботи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки пеш аз ин масъулияти омодагӣ ба интихоботро ба уҳда дошт, ба Ситоди интихоботии ҲНИТ табдили ном кард, хабар медиҳад сомонаи расмии ин ҳизб.

Қарори мазкур дар ҷаласаи ахири ситоди интихоботи ин ҳизб қабул шудааст. Роҳбарии ситодро, ки қаблан муовини раис Муҳаммадалӣ Ҳайит ба уҳда дошт, бевосита раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ба дӯш гирифтааст. Зимнан, барномаи кории ситоди ҲНИТ ва низомномаҳои бахшҳои он барои ду моҳ таҳия ва тасдиқ шудаанд.

"Бахши омор вазифадор шудааст, ки тамоми маълумот, рақамҳо ва омори марбут ба интихобот, ҳавзаҳо, номзадҳо ва қитъаҳои овоздиҳиро ҷамъоварӣ ва вориди системаи компютерӣ гардонад. Додани маълумоти дақиқ дар рӯзи интихобот сари ҳар соат аз рафти раъйдиҳӣ, шумораи ширкаткунандагон ва қонуншиканиҳову тақаллубкориҳо ба дӯши ин бахш вогузор шудааст", — омодааст дар хабари сомона.

Ин ҳизб барои баррасии шикоятҳо, муроҷиат ба мақомоти давлатӣ ва кӯмаки ҳуқуқӣ ба номзадҳо бахши ҳуқуқӣ ташкил кардааст. Ин бахш вазифадор шудааст, ки бо ниҳодҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ кунад.

Анҷумани ҲХДТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ҲХДТ дар вилояти Хатлон ситоди интихоботӣ таъсис дод

Сомона менависад, ситод қарор кардааст, ки барои фаъолияти босамар ва саривақтии ситоди марказӣ ва ситодҳои маҳаллӣ кормандон, номзадҳо ва нозирон дар ҳама сатҳҳо бо воситаҳои муосири иртиботгирӣ, наворбардорӣ ва ирсоли аксҳову наворҳо таъмин карда шаванд.

Ҳизби наҳзат дар интихоботи парлумонии 1 марти соли 2015 бисту ҳашт номзад пешбарӣ кардааст. Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, то 15-уми январ муҳлати бақайдгирии номзадҳо ба поён мерасад. Баъд аз ин сана таблиғи расмии номзадҳои аз қайд гузашта шурӯъ мегардад.

Лентаи хабарҳо
0