ҲХДТ дар вилояти Хатлон ситоди интихоботӣ таъсис дод

© Flickr \ Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookАнҷумани ҲХДТ. Акс аз бойгонӣ
Анҷумани ҲХДТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар робита ба интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ ва пешниҳоди номзадҳо аз ин ҳизб ба вакилии парлумон ситоди интихоботи таъсис дода, нақшаи чорабиниҳоро тасдиқ кард.

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ситоди интихоботии ҲХДТ (Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон) дар вилояти Хатлон дар ҷаласаи васеи кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Қӯрғонтеппа таъсис ёфт, менависад сомонаи ин ташкилоти сиёсӣ.

"Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳайти ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъсис ва ҷадвали баргузории конференсияҳои ҲХДТ дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ҷиҳати пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд",- афзуд манбаъ.

Инчунин, дар кори маҷлис  муовини раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, аъзоҳои кумитаи иҷроия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, созмонҳои ташкилотҳои ҷавонон, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», аъзои комиссияи назди кумитаи иҷроия ва роҳбарони гурӯҳҳои вакилии ҳизбии шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.

Вазиру раис дар рӯйхати интихоботии ҲХДТ

Қаблан, ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки роҳбараш раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, дар анҷумани пешазинтихоботӣ рӯйхати номзадҳояшро ба интихоботи парлумонии соли 2015 тасдиқ намуда буд.Рӯйхати номзадҳои ҲХДТ-ро 28 нафар дар бар мегирад, ки миёни эшон собиқ вазирону раисон низ мавҷуданд.

Дар ин рӯйхат аз ҷумла Абдуҷаббор Азизов, ёвари президент оид ба масоили кадрӣ, Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин, Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Хайриниссо Юсуфӣ, вакили парлумон, Низом Қосим, шоир, Қиёмиддин Нуралиев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, Пӯлод Муҳиддинов, муовини вазири энергетика қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0