ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Иқтисодиёти Русия ҳанӯз побарҷост, он ҳатман бӯҳрони имрӯзаро пушти сар хоҳад кард, гуфт Марин Катуса, коршиноси аршади маркази таҳқиқотии Casey Research. Дар ин бора хабарагузории РИА Новости иттилоъ медиҳад.
Ба назари таҳлилгар, коҳиши нархи нафт ба фоидаи Русия буда, саноати энергетикии ИМА аз ин раванд хисороти ҷиддӣ мебинад. Поёнравии қурби рубл бошад, ба болоравии арзиши нафти русӣ мусоидат мекунад, илова бар ин, нархи он таваҷҷӯҳи харидорони дигар кишварҳоро ҷалб хоҳад кард. Ин ҳолат ба нафъи саноати нафти сланетсии Амрико нест.
"Русия дорои тавозуни озоди тиҷоратӣ ба ҳадди 200 миллиард доллар дар як сол мебошад. Онҳо захираи тиллои худро зиёд карданд. Русия нисбати ИМА қарзи камтар (дар бастагӣ ба ММД) дорад. Ҳамин тавр, ҳа… вазъият барои иқтисодиёт бад аст, аммо ин охири кор нест",- меафзояд Катуса.
Ӯ мегӯяд, таҳримот Русияро водор мекунад, ки бо дигар кишварҳои бозорашон рӯ ба рушд, аз ҷумла Чин ҳамкориашро тақвият бахшад.
"Мо шоҳиди амалиётҳои бузурги арзӣ миёни Русия ва Чин гардидаем, ин амалиётҳо аз ин ба баъд низ идома меёбад",- илова кард Катуса.