Сомонаи Sputnik бо забони немисӣ фаъол шуд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПрезентация крупнейшего международного информационного бренда "Спутник"
Презентация крупнейшего международного информационного бренда Спутник - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гуруҳи чандрасонаии Sputnik бахши олмонии сомонаи худро бо нишони de.sputniknews.com ва радиои SNA Radio-ро 24 декабр ба роҳ андохт.

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Гуруҳи чандрасонаии Sputnik бахши олмонии сомонаи худро бо нишони de.sputniknews.com ва радиои SNA Radio-ро 24 декабр ба роҳ андохт, хабар медиҳад РИА Новости.

Ин сомона ва радио нигоҳи алтернативӣ ба ҳаводиси Олмонро пешниҳод мекунад ва ҳамчунин рӯйдодҳои ҷаҳониеро пайгирӣ мекунад, ки дар дигар ВАО-и Аврупо пушиши камтар мебинанд.

Муаррифии бузургтарин бренди байналмилаллии иттилоотии Спутник - Sputnik Тоҷикистон
Муаррифии бузургтарин бренди иттилоотии байналмилалии Sputnik

Платформа барои аврупоиҳое нигаронида шудааст, ки дар пайи дарёфти ҳақиқату воқеият ҳастанд, на пайравии сар-сарӣ аз расонаҳои шинохта мекунанд. Маҳз чунин ҳаводис ва андешаҳоро Sputnik ба хонандагони худ бо забони машҳуртарини Аврупо ҳикоя мекунад.

Sputnik дар Олмон ҳам андешаҳои ҷолиби коршиносонро ҷамъоварӣ мекунад ва ҳам ҳаводис ва арқомро дар шакли чандрасонаӣ ва гузориши аксӣ пешниҳоди истифодабарандагон месозад.

Sputnik дар режими шабонарӯзӣ фаъолият карда, рӯйдодҳои оламро пайгирӣ ва дар камтарин фурсат инъикос мекунад. Пахши SNA Radio аз Берлин амалӣ шуда, фаъолияти "зиндаро" ба роҳ мемонад. Рӯзноманигорон ва барандагони ин радио дар рӯз 12 соат барнома таҳия хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0