Мусодираи ҳероин аснои амалиёти муштараки хадамоти ҶТ ва ҶҚ

© Sputnik / Сергей Венявский / Гузариш ба медиабонкМаводи нашъадор. Акс аз бойгонӣ
Маводи нашъадор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон амалиёти муштарак доир карданд.

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Аснои амалиёти муштараки мақомоти махсуси Тоҷикистону Қирғизистон қариб як килограмм маводи сахттаъсири героин кашфу мусодира гардид, менависад сомонаи АНМН ҶТ.

"Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти думарҳила кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар  дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов сокини 21-солаи маҳаллиро дастгир намуданд. Аз ӯ як адад бастаи селофанӣ мусодира гардид, ки дар дохили он маводи хокамонанди бӯи махсус дошта мавҷуд буд",-омадааст дар иттилои манбаъ.

Тавре тафтишоти пешакӣ нишон дод, дастгиршуда ният дошт 986 грамм маводи нашъаовари героинро дар ҳудуди вилоят фурӯшад.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз ҷониби шӯъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ  бо моддаи 200 қ.3 КҶ ҶТ ("муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон") парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Маврид ба ёдоварист, шурӯъ аз аввали соли равон дар қаламрави вилояти Суғди ҷумҳурии Тоҷикистон 1076 нафар мӯътод (гирифторони маводи мухаддир) ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 49 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0