ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Украина шаҳрванди Тоҷикистон будани ду нафареро, ки дар як навори видеоӣ аз ширкати худ дар ҷангҳои шарқи Украина ҳикоят кардаанд, рад мекунад, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
Намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Украина Хайрулло Толибов ба Озодӣ гуфтааст, дар натиҷаи пажӯҳиши диаспораҳои тоҷик дар вилояти Луҳански Украина маълум гаштааст, ки чунин афрод дар он ҷо зиндагӣ намекунанд ва рабте ба тоҷикон надоранд.
Бино бар гузориши расонаҳои Русия, ду нафар гуфтаанд, ки аз Тоҷикистонанд ва дар шарқи Украина дар сафи ҷудоихоҳони рӯ ба Русия зидди нерӯҳои давлати Украина меҷанганд. Онҳо, ки худро Толиб ва "Муҷоҳид" номидаанд, ба хабарнигор Кирилл Нестеров гуфтаанд, ки дар минтақаи Луҳанск на зидди мардуми Украина, балки зидди амрикоиҳо ва барои шаъну шарафи Русия меҷанганд.
Бо ишора ба он ки дар байни ҷудоихоҳони шарқи Украина намояндагони ҳамаи давлатҳои пасошӯравӣ ҳастанд, "Муҷоҳид" аз раисиҷумҳури Украина Порошенко сипосгузорӣ кардааст, ки "тамоми Иттиҳоди Шӯравиро зидди худ ба по хезонд ва муттаҳид кард."
Шарики ӯ, Толиб, ки фармондеҳи гурӯҳи развдкаи 156 будааст, мегӯяд, дар Украина барои адолат меҷангад. Вай меафзояд, солҳост дар ин ҷо зиндагӣ мекунад ва шарикаш мегӯяд, ки бародараш бо аҳли оила дар ин ҷо мезистааст ва ӯ омадааст, то ин оила ва кӯдакони онҳоро ҳимоят кунад.