Тоҷикон дар Донбас: мо барои адолат меҷангем

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкАвзоъ дар Луганск
Авзоъ дар Луганск - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷаллаи интернетии 36on.ru аз Воронеж иттилоъ медиҳад, ки аз тоҷикони разманда дар ҳайати ҷангиёни ҷудоихоҳи Новорусия мусоҳиба гирифтааст. “Мо мехоҳем, ки ҳамаи кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Амрико ва Аврупо вобаста набошанд. Онҳо бояд то охир бо Русия бимонанд...”,- гуфтаанд ҷангиён.

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ду нафар гуфтаанд, ки аз Тоҷикистонанд ва дар шарқи Украина дар сафи ҷудоихоҳони рӯ ба Русия зидди нерӯҳои давлати Украина меҷанганд, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ дар такя ба гузориши маҷаллаи интернетии "36on.ru", портали иттилооотии шаҳри Воронежи Русия.

Онҳо ба хабарнигори маҷаллаи интернетӣ  гуфтаанд, ки дар минтақаи Луганск на зидди мардуми Украина, балки алайҳи  амрикоиҳо ва барои шаъну шарафи Русия меҷанганд. Бо ишора ба он ки дар байни ҷудоихоҳони шарқи Украина намояндагони ҳамаи давлатҳои пасошӯравӣ ҳастанд, "Муҷоҳид", яке аз ин размандагон, аз раисиҷумҳури Украина Порошенко сипосгузорӣ кардааст, ки "тамоми Иттиҳоди Шӯравиро зидди худ ба по хезонд ва муттаҳид кард".

Шарики дигари ӯ, Толиб, ки фармондеҳи гурӯҳи развдкаи 156 будааст, мегӯяд, дар Украина барои адолат меҷангад. Вай меафзояд, солҳост дар ин ҷо зиндагӣ мекунад ва шарикаш мегӯяд, ки бародараш бо аҳли оила дар ин ҷо мезистааст ва ӯ омадааст, то ин оила ва кӯдакони онҳоро ҳимоят кунад. Онҳо гуфтаанд, ки барои ширкат дар ҷанг пуле намегиранд ва силоҳу сарулибоси ҳарбии худро аз  украиниҳо ба даст овардаанд. Толиб мегӯяд, дар ҷанг дар кишварҳои зиёде ширкат кардааст, аммо ин маълумот махфист. Шарики ӯ ҳамаи вакилони порлумони Украинаро ҷосусони НАТО номида, гуфтааст, ки на зидди мардум, балки зидди "меҳмонони нохонда" меҷанганд.

Ин аввалин иттилоъ дар бораи ширкати тоҷикон дар муноқишаи Украинаи Шарқӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0