ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Чор нафар сокинони кишвар, ки гӯё аз ҷониби нерӯҳои Толибон дар мавзеи сарҳадии ноҳияи Қумсангир рабуда шудаанд, ба нерӯҳои марзбонӣ тааллуқ надоранд, иброз доштааст Муҳаммад Ҷаъфаров, муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ аснои сӯҳбат бо радиои Озодӣ.
"Дар қисмҳои марзбонии Тоҷикистон дар хатти марз бо Афғонистон, ҳеҷ марзбоне рабуда нашудааст. Дафтари матбуоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи гӯё боздошт шудани чаҳор марзбони тоҷик дар минтақаи Қумсангир баёния нашр хоҳад кард",- гуфтааст Ҷаъфаров.
Аммо муовини фармондеҳ дар робита ба ин, ки афроди боздоштшуда аз сӯи Толибон кӣ ҳастанд, иттилои дақиқ надодааст.Дар ҳамин ҳол вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки талош доранд аз роҳи дипломатӣ ба ҳодисаи боздошти чаҳор сокини Тоҷикистон рӯшанӣ андозанд.
Қаблан, ВАО иттилоъ дода буд, ки марзбонони рабудашудаи Тоҷикистон дар деҳаи Қаламгузари ноҳияи Имом Соҳиб нигаҳдорӣ мешаванд ва полиси вилояти Кундуз амалиёти махсусеро барои озод кардани марзбони рабудашудаи Тоҷикистон оғоз намудааст.
Сарвар Ҳусайнӣ рӯзи гузашта ба Озодӣ хабар дод, ки амалиёт шурӯъ шудааст ва ба иттилои полис, гаравгонҳо дар деҳаи Қаламгузари ноҳияи Имом Соҳиб нигаҳдорӣ мешаванд. Вале шумораи мусаллаҳони гурӯҳи Толибон дар ин ҷо номаълум аст. Ҳусайнӣ мегӯяд, сарбозони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ҳоле ба асорати толибҳо афтодаанд, ки дар хатти марз бо чидани ҳезум машғул буданд. Пештар хабар дода мешуд, ки толибҳо чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, сокинони ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлонро рабудаанд.
Гуфта мешавад, толибҳо, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро рабудаанд, дар ивази озодии тарафдорони худ аз маҳбасҳои Тоҷикистон ин чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро раҳо хоҳанд кард.