Дар Суғд 11 нафар бо иттиҳоми узвияти ҲИӮ маҳкум шуданд

© Flickr \ isafmediaБоевики
Боевики - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Суди шаҳри Хуҷанд ин ҳукмро дар қиболи муттаҳамон дирӯз, 18 декабр содир кардааст

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Ёздаҳ нафар аз сокинони вилояти Суғд бо иттиҳоми узвият дар "Ҳаракати исломии Ӯзбакистон" аз 9 то 19-солӣ равонаи зиндон шуданд, хабар медиҳад Tojnews.

Суди шаҳри Хуҷанд ин ҳукмро дар қиболи муттаҳамон дирӯз, 18 декабр содир кардааст. Шӯҳрат Аҳрорзода, судяи Суди шаҳри Хуҷанд ба сомона гуфтааст, афроди маҳкумшуда аз соли 2010 то 2014 дар Русия фаъолияти пинҳонӣ доштаанд.

Тафтишот муайян кардааст, ки созмондиҳандаи ин гурӯҳ Мансур Бобоёров, сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент мебошад.

Шаҳрванди Олмон бо иттиҳоми ҷонибдорӣ аз Давлати исломӣ маҳкум гардид

Дар ин гурӯҳ ӯро 8 нафар сокини ҷамоати деҳоти Саразм: Тӯраев Яҳё, Тӯраев Наврӯз, Қаюмов Ботур, Раҳматов Баҳром, Ҷалилов Хайрулло, Муҳаммади Нуриддин, Розиқов Ғуломиддин ва Ҳотамов Эргаш сокини ноҳияи Спитамен ва Ҷӯраев Умед  сокини шаҳри Хуҷанд ҳамроҳӣ мекардаанд.

Ин афрод дар асоси моддаҳои 187 қисми 2 (Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ), 182 қисми 3 (Ғасби бино, иншоот, воситаҳои  иттилоот ва алоқа), моддаи 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон) ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ ҳукм гирифтаанд.

Созмони тундгарои “Давлати исломӣ”

Мансур Бобоёров, ташкилкунандаи гурӯҳ ба мӯҳлати 19 сол бо адои ҷазо дар калонияи низомаш сахт, Эргаш Ҳотамов ба мӯҳлати 12 сол ва 8 нафар сокини ҷамоати Саразми шаҳри Панҷакент ва 1 нафар сокини шаҳри Хуҷанд ба мӯҳлати 9 сол бо адои ҷазо дар калонияи низомаш пурзур аз озодӣ маҳрум шуданд.

Мутаҳҳамон охири моҳи сентяри соли ҷорӣ боздошт гардида буданд. Он замон мақомот эълон доштанд, ки боздоштшудаҳо қасди иштирок дар ҷанги Сурия ва ташкили давлати исломиро доштанд.

Лентаи хабарҳо
0