Шаҳрванди Олмон бо иттиҳоми ҷонибдорӣ аз Давлати исломӣ маҳкум гардид

© Sputnik / Андрей СтенинАвзоъ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ
Авзоъ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳкумшудаи 20-сола косовитабор буда, дар Олмон ба дунё омадааст. Соли гузашта ба муддати шаш моҳ дар Сурия ба сар мебурд ва алайҳи ҳукумати он кишвар дар суфуфи ҷангиёни Давлати исломӣ мубориза кардааст.

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Додгоҳи Олмон барои аввалин бор як шаҳрванди ин кишварро, ки дар ҷангҳои Сурия ширкат кардааст, маҳкум кард. Ҷонибдори Давлати исломӣ ба муддати се солу шаш моҳ равонаи зиндон гардид, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба  Reuters.

Крешник Б., ки бо ҷурми пайравӣ аз Давлати исломӣ боздошт ва маҳкум ба зиндон шудааст, 20 сола буда дар Олмон ба дунё омадааст. Соли гузашта ба муддати шаш моҳ дар Сурия ба сар мебурд ва алайҳи ҳукумати он кишвар дар суфуфи ҷангиёни Давлати исломӣ мубориза кардааст.

Теъдоди шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ, ки дар Сурия ва Ироқ алайҳи ҳукуматҳои ин кишварҳо ҷанг мекунанд, тайи шаш моҳи ахир ба маротиб афзуда, айни замон шумораи онҳо 3 ҳазор нафар мебошад.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" тобистони соли равон дар қаламрави таҳти нуфузаш дар Ироқ ва Сурия аз бунёди хилофат дарак дод. Бар асари ҳамлаҳои ҷангиёни ин гурӯҳ  ҳазорон сокини осоишта ба ҳалокат расида, садҳо ҳазори дигар гуреза шуданд. Теъдоди зиёди аҳолӣ дар асорати "Давлати исломӣ" ба сар мебаранд.

Лентаи хабарҳо
0