ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ширкати Preston&Barbieri дар озмуни эълоннамудаи шаҳрдорӣ барои дарёфти интихоби беҳтарин лоиҳа ва пудрадчии асосии иҷрои корҳо дар таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ — хароҷотии иншооти сохтмонаш нотамоми "Аквапарк дар шаҳри Душанбе" ғолиб омада буд, иттилоъ медиҳад "Авеста".
Барои баҳси тақдири Аквапарки пойтахт Франческо Феррарӣ, муовини раҳбари ширкати итолиёвии "Preston&Barbieri" ба Душанбе омада, бо Маҳмадсаид Убайделлоев, раиси ҳукумати пойтахт мулоқот кардааст. Вохӯрии Убайдуллоев бо Феррарӣ рӯзи 17 декабр баргузор шуда, дар он ҷонибҳо масъалаи ҳолати ҷараёни таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ — хароҷотии ин аквапарки пойтахтро баррасӣ кардаанд. Инчунин дар ин мулоқот ба зарурати ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бо ин ширкат таъкид шуда, қарор намуданд, корҳои зикршуда то 31 январи соли 2015 дар робита ба омодасозии лоиҳаи кории иншоот ва ба экспертиза супоридани он, анҷом дода шавад.
"Барои ворид кардани номи "Боғи пойтахт", ки дар истеҳсол ва насби аттраксионҳои замонавии он ширкати мо саҳм дорад, дар Озмуни байналхалқии боғҳои аттраксионию фароғатӣ дар шаҳри Маскав иҷоза диҳед, зеро "Боғи пойтахт" яке аз боғҳои ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ аст",-иброз доштааст Феррарӣ.
Аквапарки нотамоми Душанбе дар маркази шаҳр воқеъ буда, сохтмони он ҳанӯз 10 сол пеш оғоз шудааст. Ширкати туркии "Эмек иншаат", ки соли 2004 дар озмуни бунёди аквапарки Душанбе пирӯз шуда буд, аз ҳукумати пойтахт беш аз 2 миллион доллар гирифта, онро нотамом гузошт.