Таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба Навоз Шариф ва мардуми Покистон

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкНеформальный саммит глав государств СНГ в Кремле. Архивное фото
Неформальный саммит глав государств СНГ в Кремле. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ин ҳолат бори дигар нишон дод, ки бо терроризми байналмилалӣ бояд муборизаи беамон бурд

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Кушта шудани даҳҳо шаҳрванди Покистонро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон маҳкум кард, хабар медиҳад сомонаи расмии раисҷумҳур.

Вай бо ирсоли барқияи тассаллият ба Муҳаммад Навоз Шариф, сарвазири Покистон барои кушта шудани даҳҳо шаҳрванди ин кишвар бар асари як ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи Толибон изҳори ҳамдардӣ баён намудааст.

"Бо даҳшату ғазаб ва дарду андӯҳ хабари ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи Толибон ба як мактаби шаҳри Пешоварро, ки боиси ҳалокати беш аз сад нафар кӯдакону омӯзгорон ва ҷароҳати вазнин бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандони Покистон гардидааст, дарёфт намудам", — омадааст дар барқия.

Бинои СММ - Sputnik Тоҷикистон
Таҳдиди ША СММ ба Толибон ва ёварони онҳо

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ин ҳолат бори дигар нишон дод, ки бо терроризми байналмилалӣ бояд муборизаи беамон бурд.

"Ман итминони комил дорам, ки ин ҳодисаи ваҳшатангез, ки чеҳраи манҳуси терроризми байналмилалиро бори дигар ба оламиён нишон дод, иродаи моро ҷиҳати идомаи муборизаи беамону дастаҷамъӣ бо ин зуҳуроти нангини аср қавитар хоҳад кард ва ҳамкориҳои бештари ҷомеаи ҷаҳониро дар самти пешгирӣ аз хушунату ифротгароӣ такон хоҳад дод", — афзудааст президент.

Дар ниҳоят Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки "ҳоҳишмандам маротиби тасаллиёт ва ҳамдардии мардум ва ҳукумати Тоҷикистонро қабул фармоед ва эҳсоси гарми дӯстонаи моро ба пайвандони бегуноҳ кушташудагон ва маҷрӯҳон бирасонед."

Ҳамла ба мактаби шаҳри Пешовар, ки даҳҳо омӯзгору шогирди куштаро барҷой гузошт, рӯзи сешанбеи 16-уми декабр рух дод, ки масъулияти онро гурӯҳи Толибони покистонӣ ба уҳда гирифтанд.

Лентаи хабарҳо
0