ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ҳар созмону ҳаракате, ки бо ҷангиёни "Таҳрики Толибон" ҳамкорӣ кардааст ва дар пайи ҳамлаи ин гурӯҳ 150 нафар дар Пешовари Покистон ба ҳалокат расид, ба феҳрасти таҳримҳои ША СММ ворид мегардад. Дар ин бора РИА Новости дар истинод ба изҳороти Шӯрои амнияти ин ниҳоди байнулмилалӣ иттилоъ дод.
Ба қавли пайвандони афроди ҳалокшуда, гурӯҳе аз мардони сиёҳпӯши мусаллаҳ ба як мактаби артиши Покистон дар шаҳри Пешовар ҳамла карданд ва 148 нафар, аз ҷумла кӯдакону наврасони аз 9 то 14-соларо куштанд.
Парвиз Хаттак, як мақоми расмии Пешовар гуфт, дар ин ҳамлаи хунин беш аз 140 нафар кушта шуданд ва 120 тани дигар ҷароҳат бардоштанд, миёни ҳалокшудагон 84 нафари онҳо кӯдак будаанд. Ба гуфтаи ӯ, террористон 8 ё 10 нафар будаанд.