Ҳакерҳои ҶХДК ба театрҳои ИМА “ҳамла” мекунанд

© wikimedia.orgКинотеатр.
Кинотеатр. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳакерҳо, ки чанде қабл роёнаҳои ширкати киносозии "Sony Pictures"-ро шикаста буданд, қасд доранд ба театрҳои ИМА, ки он ҷо намоиши филм таҳти унвони “Мусоҳиба” дар бораи Ким Чен Ин, пешвои Кореяи Шимолӣ баргузор шавад, ҳамла кунанд.

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир полис ва Бюрои федералии таҳқиқот (ФБР) изҳороти ҳакерҳои кореягиро дар мавриди "ҳамла"-и эҳтимолӣ месанҷанд.

Нашрияи Variety чанде пеш навишт, ҳакерҳо, ки чанде қабл роёнаҳои ширкати киносозии "Sony Pictures"-ро шикаста буданд, қасд доранд ба театрҳои ИМА, ки он ҷо намоиши филм таҳти унвони "Мусоҳиба" дар бораи Ким Чен Ин, пешвои Кореяи Шимолӣ баргузор шавад, ҳамла кунанд. Дар бораи тафсилоти нияти ҳакерҳо маълумот дода намешавад.

Ширкати телевизионии CNN дар такя ба суханони Ҷон Миллер, сарвари пулиси пешгирии амалиётҳои террористии Ню-Йорк иттилоъ дод, ки пулис ба театрҳои амрикоӣ, ки он ҷо филми мазкур намоиш дода мешавад, неруҳои иловагиро истихдом хоҳад кард.

Кор бо клавиатураи роёна. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳакерҳои Кореяи Шимолӣ барои Ким Чен Ин интиқом гирифтанд

"Мо назорати равандро таҳти контрол дорем. Меомӯзем ва хулосабарорӣ мекунем, ки ҳакерҳо чӣ ният доранд",- афзуд ӯ.

Зимнан, вазорати амнияти миллии ИМА гуфт, "дар ҳоли ҳозир иттилои комил дар бораи ҳамалаи эҳтимолии киберҳо вуҷуд надорад".

Ширкати киносозии Sony Pictures низ дар мавриди худ ба роҳбарияти кинотетарҳое, ки дар он ҷо намоиши филми "Мусоҳиба" ба нақша гирифта шудааст, муроҷиат кардааст.

Филми "Интервью" ("Мусоҳиба")-и коргардонҳо Эван Голдерберг ва Сета Роген дар бораи он нақл мекунад, ки барандаи як барномаи шоуи телевизиони амрикоӣ ва дӯсташ мехостанд аз Ким Чен Ин мусоҳиба гиранд, дар ин вақт корманди РМҶ (ЦРУ) ба онҳо муроҷиат карда, дархости куштани роҳбари Кореяи Шимолиро мекунад. Ин филм чанд дафъа аз ҷониби ҳукумати ҶХДК интиқод шуда буд, аммо вокунишҳо бенатиҷа анҷом ёфтанд.

 

Лентаи хабарҳо
0