Муҳаммадбоқиров дар ҳамла ба кормандони амният гумонбар аст

© Sputnik / Нозим КаландаровНуқтаи дидбонгоҳ дар Бадахшони Кӯҳӣ. Акс аз бойгонӣ
Нуқтаи дидбонгоҳ дар Бадахшони Кӯҳӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар изҳороти Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дар захмӣ шудани як ходими амният муттаҳам мешавад.

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Собиқ қумандони Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии тоҷик   Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дар захмӣ шудани як ходими амният муттаҳам мешавад. Дар ин бора оҷонсии "Ховар" рӯзи 15 декабр дар такя ба изҳороти КДАМ хабар медиҳад.

Дар изҳороти мазкур аз ҷумла гуфта мешавад, ки "15-уми декабр соати 14-00, дар маҳаллаи «Бархоруғ» шаҳрванд Мамадбоқиров Мамадбоқир бо чанд нафар гурўҳи авбошон, бе иҷозати расмӣ ба объекти муҳими давлатӣ — шуъбаи дар шаҳри Хоруғ будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гашта, ба яке аз кормандони ин сохтор ҳуҷум кард ва бо истифода аз дастаи таппонча ўро захмӣ намуд".

"Дар пайи ин ҳодиса Мамадбоқировро дастгир карда, аз ў таппончаи тамғаи «ПМ», бо 16 дона тирро мусодира карданд. Баъди сӯҳбати профилактикии сесоата, М.Мамадбоқиров бо таъкиди надоштани иҷозати тарки макони истиқомат озод карда шуд. Дар ин амалҳои ҷиноятӣ М.Мамадбокировро як гурўҳ ҷавонони шаҳри Хоруғ ҳамроҳӣ менамуданд. Нисбати ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид ва тафтишот идома дорад",- омадааст дар ин изҳорот.

Дар ҳамин ҳол, Алим Шерзамонов, раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократ дар Бадахшон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтаст, ки субҳи рӯзи 15-уми декабр даҳҳо афроди силоҳбадаст ба маҳаллаи Бархоруғ омада мехостанд, дар як бинои маҳаллӣ дафтари раёсати амниятро таъсис диҳанд. Ин сохтмон, ба таъкиди Шерзамонов, гӯё қаблан барои ташкили варзишгоҳ ва ё театр ҷудо шуда будааст ва мардум аз ин хабар нороҳат шуда дар атрофи бино ба нишони эътироз ҷамъ шуданд. Дар миёни эътирозгарон Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ҳам будааст, ки аз ҷониби силоҳбадастон боздошт ва баъди муддате зери фишори мардум озод шудааст.

Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, яке аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик дар Бадахшон ва полковники собиқи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мебошад. Баъд аз амалиёти соли 2012 дар Хоруғ, ки бо талаби ба мақомот супурдани гумонбарони қатли генерал Абдулло Назаров оғоз ёфт ва зери 70 кушта ба ҷо гузошт, номи ӯ дигарбора вирди забони расонаҳо шуд.

Тобистони соли ҷорӣ Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки таҳқиқи рӯйдодҳои Хоруғ идома дорад ва касоне, ки даст ба ҷиноят задаанд, ҷазо хоҳанд гирифт.  

"Фармондеҳи пешини мухолифон ва ҳоло раиси маҳаллаи Хоруғи Болоро дар назар дорам, ки бояд ба додгоҳ кашонда шавад ва барои аъмоли худ ҷавоб диҳад"-иброз дошта буд Салимзода.

Он замон Салимзода иттиҳомро ба таври умумӣ зикр намуд, вале Муҳаммадбоқиров дар гузашта ба ноором кардани вазъ дар Хоруғ муттаҳам ва ба ин сабаб аз тарафи кормандони додситонӣ бозпурсӣ шуда буд.  

Лентаи хабарҳо
0