Талаба дар вақти танаффус 72 млн.доллар “кор” кард

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкБиржа дар Маскав. Акс аз бойгонь
Биржа дар Маскав. Акс аз бойгонь - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хонандаи як макаби мутавасситаи ИМА дар бозиҳои бурдноки биржа ширкат варзида, сармоя ҷамъ кардааст. Бо ин маблағ, ӯ дар маҳаллаи маъруфи Манҳеттен манзилро иҷора гирифта, мошини BMW низ харидааст.

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Талабаи синфи болоии мактаб дар Ню-Йорк аз ҳисоби ширкат дар бозиҳои биржа соҳиби 72 миллион доллар гардид, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар такя ба New York Magazine.

Муҳаммад Ислом, мактаббачаи 17-сола аз ноҳияи Квинси шаҳри Ню-Йорк аснои танаффуси дарсҳо дар бозори фурӯши биржа ба таври фосилавӣ (аз биржа дур) ширкат карда, соҳиби сармояи ҳангуфт гардид.

"Кадом омил дунёро таҳрик мебахшад? Албатта,пул. Агар маблағ гардиш накунад, тиҷорат дар ҷояш меистад, навоварӣ намешавад, ҷои кори нав муҳайё намегардад",-мегӯяд Муҳаммад.

Бо пули ҷамъ кардааш, Муҳаммад дар минтақаи Манҳеттен манзили боҳашаматро иҷора гирифта, мошини BMW низ харидаааст, аммо то ҳанӯз санади ронандагӣ надорад. Волидайнаш ҳам ба кӯчидани ӯ ба хонаи наваш муқобиланд.

Гуфта мешавад, дар ояндаи наздик Муҳаммад бо ду дӯсташ муҷаввизи фаъолияти брокериро гирифтанианд ва ширкати худро боз мекунанд. "Муҳаммад- маэстрои мост. Вай пули калон кор карда метавонад",- мегӯяд яке аз рафиқони ӯ.

Ин се нафар тасмим доранд, то як соли дигар беш аз миллиард доллар фоида ба даст оранд.

Лентаи хабарҳо
0