Обама: таҳримҳои нав алайҳи Русия назари Путинро дигар намекунад

Обуна шудан
Роҳбари маъмурияти Амрико намехоҳад бо ворид кардани таҳримоти ҷадид алайҳи Русия муносибаташро бо Иттиҳоди Аврупо бад кунад.

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Президенти ИМА Барак Обама ҷорӣ кардани таҳримоти нав алайҳи Русияро ғайриқобили қабул медонад, агар ин омил боиси хатчадор шудани равобити Вашингтону Аврупо гардад, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Ба фикри ман эъмоли таҳримҳои нав алайҳи ФР беҳуда аст, агар мо ҳадс занем, ки дар охири кор Путин назарашро дигар мекунад. Ин амал қобили қабул нест",- менависад РИА Новости дар такя ба иттилои Рейтер.

Русия - Ғарб: ҷанги таҳрим

Муносибати Русия ва Ғарб бо сабаби ҳаводиси дар Украина иттифоқ уфтода ба сардӣ гаравид. Зимнан, ИА ва ИМА дар қиболи Русия таҳримоти иқтисодӣ ва молӣ эълон карданд. Дар посух ба ин, Кремл низ аз иқдоми ҷавобӣ кор гирифт: ворид кардани молу маҳсулоти ғизоӣ аз ИМА, давлатҳои шомили ИА, Канада, Австралия ва Норвегия манъ карда шуд.

Қаблан, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, иброз доша буд, ки таҳримоти эъмолкардаи  Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва дигар кишварҳо алайҳи Русия бинобар бӯҳрони Украина мухолифи усулҳои Гурӯҳи 20 ва қонунҳои байналмилалӣ аст. Ба қавли ӯ, бастани ҳисобу, манъи додани раводиди сафар ва маҳрум кардани ширкатҳои Русия аз дастрасӣ ба бозорҳои молии ғарбӣ танҳо ҳаққи Созмони Милал аст.   

Лентаи хабарҳо
0