ҶТ бо сабаби таҳдиди терроризм қабули паноҳандагонро маҳдуд мекунад

© Sputnik / Семиряга / Гузариш ба медиабонкДидбонгоҳи марзӣ дар сарҳади Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Дидбонгоҳи марзӣ дар сарҳади Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои таъмини амният дар дохили кишвар мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд ба шаҳрҳои стратегӣ ворид шудани гурезаҳоро манъ кунанд.

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Тоҷикистон бо сабаби таҳдидҳои террористӣ ворид гардидани паноҳандагонро ба қаламрави кишвар маҳдуд кард, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ дар истинод ба суханони намояндаи КДАМ Абдулмаҷид Солиев.

Қарори мазкур, ба андешаи Солиев, амнияти миллиро таъмин намуда, ба мақомот имкон медиҳад, ки вазъиятро пурра таҳти назорат қарор бидиҳанд.

"Шаҳрвандони хориҷие, ки меоянд, албатта бештар аз Афғонистон вориди кишвари мо мешаванд. Мо медонем, ки он ҷо вазъ чӣ хел аст. Барои ҳамин аз нуқтаи назари амниятӣ пешниҳод шудааст, ки онҳо берун аз шаҳрҳои дорои аҳамияти стратегӣ зиндагӣ кунанд",- афзуд намояндаи КДАМ.

Ба гуфтаи ӯ, як чунин таҷриба дар кишварҳои пешрафтаи дунё низ вуҷуд дорад.

Аммо Солиев  шарҳ надод, ки то кунун нафаре аз паноҳандагон бо ҷурми даст доштани дар амалҳои террористӣ дар Тоҷикистон боздошт шудааст ё хайр.

Ба иттилои расида, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 5 ҳазор паноҳанда ба сар мебарад. Бархе аз онҳо дар интизори гирифтани санад барои рафтан ба кишвари севвум ҳастанд.  

Лентаи хабарҳо
0