Лавров: Русия ба барномаи тавсеъаи дифоъи мушакии ИМА посух мегӯяд

© Sputnik / Артем ЖитеневМулоқоти вазири умури хориҷаи ФР- С.Лаврова Ле Лионг Мин, Дабири кулли АСЕАН
Мулоқоти вазири умури хориҷаи ФР- С.Лаврова Ле Лионг Мин, Дабири кулли АСЕАН - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи ФР қайд кард, ки Русияро зарур меояд, барои ҳифзи амният аз иқдомҳои ҷавобӣ кор бигирад, аммо ба ҳеч ваҷҳ вориди марҳилаи нави силоҳнокшавӣ нахоҳад шуд.

 ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Русия бояд ба амалкарди Амрико дар мавриди барномаи истиқрори мушакӣ ҷавоб диҳад, иброз дошт Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия аснои сӯҳбат бо РИА Новости.

Ӯ қайд кард, ки Владимир Путин, райисҷумҳури Русия дар паёми ахираш ба парлумони кишвар дар ин бора ишора карда, истиқрори сипари дифоъии НАТО дар Аврупо ба раҳбарии Амрикоро хатаре барои амнияти миллии на танҳо ФР, балки тамоми ҷаҳон хонд.

"Огоҳ мекунем, ки дар яке аз марҳилаҳои тавсеъаи барномаи мушакии ИМА Русия барои таъмини амнияти кишвар  ба чораҳои ҷавобӣ даст хоҳад зад. Мо ба яроқнокшавии бошитоб даст намезанем, аммо имконоти дифоии Русияро рушд медиҳем ва кафолати амнияти минтақаро таъмин менамоем",-гуфт Лавров.

Русия мегӯяд, истиқрори сипари дифоъии НАТО дар Аврупо ба раҳбарии Амрико хатаре барои амнияти миллии он кишвар аст, аммо Амрико мегӯяд, ин системаи радару мушакҳо ба Русия хатаре надорад ва барои муҳофизати кишварҳои аврупоӣ аз ҳамлаҳои мушакиии эҳтимолӣ аз кишварҳо ба мисли Эрон аст. Русияву НАТО соли 2012 гуфтанд, дар ин масъала ҳамкорӣ хоҳанд кард, аммо то ҳанӯз дар ин маврид тавофуқи ниҳоӣ ба даст наомадааст.

Лентаи хабарҳо
0