ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар интихоботи президентии соли 2016-и ИМА рақибони асосӣ Хиллари Клинтон ва Ҷеб Буш мебошанд, менависад Газета.Ru.
Ҷорҷ Буш бо таваҷҷӯҳи хосааш ба хонаводаи Клинтон маълум аст, ӯ Хиллариро "хешованд"-и наздики худ мехонад. Аммо, новобаста ба ин, президенти собиқ ба ғалабаи бародараш Ҷеб, губернатори пешини иёлати Флорида боварӣ дорад.
Хонаводаҳои Бушу Клинтон ҳанӯз аз интихоботи соли 1992 миёни ҳам барои ҳокимият рақобат мекунанд. Он замон Билл Клинтон дар интихобот Ҷорҷ Буши калониро мағлуб карда, соли 2000-ум бошад, Буши хурдӣ дар баробари Алберт Гор, собиқ ноиби Клинтон пирӯзӣ ба даст овард.
Буш дар бораи ширкати бародараш- Ҷеб дар интихоботи президентии оянда дар даҳаи дуюми моҳи ноябри соли равон иттилоъ дода, иброз дошт, ки шонси ғалабаи ӯ 50 ба 50 аст.
Муносибат бо Бушҳо дар Америка мутафовит аст. Буши калони соҳибэҳтиром буда, дар мавриди Буши дуввум (Ҷорҷ) инро наметавон гуфт.
Аснои ҳукмронии Буши калонӣ рейтинги обрӯяш то ба 86 % боло рафта (замони ҷанг дар Халиҷи Форс), вақти болоравии андоз то ба 40 % коҳиш ёфт, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ. Маъруфияти собиқ президенти ИМА дар ҳоли ҳозир рӯ ба афзоиш буда, он дар доираи 60 % қарор дорад.
Ба ғайр аз Ҷеб Буш, номзадҳои эҳтимолӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон- Крис Кристи, губернатори Ню-Ҷерси ва сенаторҳо- Марко Рубио ва Рэнда Полоро низ ном мебаранд.
Ҷо Байден, ноиби райисҷумҳури феълӣ метавонад дар баробари Хиллари Клинтон номзад ба мақоми президентӣ бошад, менависад "Аргументы и факты".