Ҳайати ҷадиди КМИРТ аз ҷониби президент пешниҳод гардид

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкЭмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба ҳайати ҷадиди Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсии расман дар ҷумҳурӣ бақайдгирифташуда пешниҳод гардидаанд ва 4 нафари онҳо занон мебошанд.

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Шашуми декабр президент Эмомалӣ Раҳмон шахсонеро, ки ба ҳайси раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии райисҷумҳур.

Исми онҳо ҳанӯз ифшо нашудааст, аммо гуфта мешавад, президент 15 нафарро ба ин ҳайат пешниҳод кардааст.

"Ба ҳайати КМИРТ намояндагони ҳамаи аҳзоби сиёсии расман сабиномшуда дар ҶТ пешниҳод гардидаанд ва 4 нафари онҳо занон мебошанд ",- менависад манбаъ.

Рӯзи баргузории интихоботи ояндаи парлумонӣ дар ҶТ маълум шуд

Интихобот бояд бо риояи талаботи қонунгузории Тоҷикистон ва меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ба таври шаффофу демократӣ ба роҳ монда шавад, таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон аснои сӯҳбат бо ҳайати нави КМИР.

"Татбиқи талаботи қонун ва меъёрҳои демократии интихоботӣ бояд барои ҳамаи номзадҳо бо шароити баробар ва яксон таъмин карда шавад"-омадааст дар хабари сарчашма.

Ҳамзамон дар нишаст қайд гардид, ки интихоботи навбатии вакилон ба Маҷлиси намояндагон, ки рӯзи 1 марти соли 2015 баргузор мегардад, дар фазои орому осуда ва бо риояи меъёрҳои ҷаҳони мутамаддин ҷараён гирифта, ба таҳкими ваҳдати миллии Тоҷикистон ва рушди босуботу бонизоми ояндаи кишвар мусоидати фаъол менамояд.

Тибқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 2 моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" раис, муовини раис ва 13 нафар аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди президенти кишвар аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар давоми 3 рӯзи пас аз эълон шудани интихобот интихоб карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0