ДУШАНБЕ, 8 дек —Sputnik. Имрӯз дар Думаи давлатӣ муҳокимаи парлумонӣ таҳти унвони "Русия-ИМА: ташдиди муваққатӣ, ё "ҷанги сарди нав?" баргузор мегардад, зимнан дар нишаст ширкати мақомоти баландпояи ВКХ-и ФР, АУ ва аъзои Палатаи ҷамъиятӣ дар назар аст, иттилоъ медиҳад РИА Новости.
Иштирокдорони ҷаласа инчунин масъалаи муноқишаи сиёсӣ атрофи Украина ва тасмимҳои навбатии Амрикоро ба баррасӣ мегиранд.
"Ҳамин лаҳзаҳо конгресси ИМА санадеро тасвиб кард, ки он эъломи "ҷанги сарди нав"-ро дорад. Амалкарди Амрико беҳбуд ёфтани муносибати дуҷонибаро зери суол мебарад. Муҳокимаи парлумонӣ ба мавзӯи "муносиботи баъдиро чӣ тавр амалӣ созем" бахшида мешавад ",-қайд кард Алексей Пушков, раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба равобити байналмиллалӣ.