ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон то 10-уми декаабр қарор дар бораи санаи баргузории интихоботро ба имзо расонад, менависад Авеста.
"Тибқи қонуни интихобот президенти ҶТ бояд санаи интихоботи ҳайати нави парлумонро 75 рӯз пештар аз анҷоми салоҳиятҳои парлумони амалкунанда дақиқ кунад. Мо барои баргузории он ҳамаҷониба омодаем, ба қитъаву ҳавзаҳои интихоботӣ аллакай санадҳои зарурӣ ироа шудаанд",- иброз доштааст Абдуманнон Додоев, роҳбари дастгоҳи КМИР-и Тоҷикистон.
Дар ҳоли ҳозир 5 ҳизб: халқӣ-демократӣ (ҲХДТ), ки бештари курсиҳои МН соҳиб аст ва роҳбарии онро президент ба зимма дорад, наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ҳизби комунист (ҲКТ), аграрӣ (ҲАТ) ва ислоҳоти иқтисодӣ (ҲИИТ) дар парлумони кишвар намоянда доранд.
Дар ҳамин ҳол, ҳамаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон тасмимашонро барои иштирок дар интихоботи парлумонӣ баён дошта, наҳзатиҳо бо ҳудуди 40 номзад ва коммунистҳо 17 нафар нияти вуруд ба корзори интихоботро доранд.