FT: низомиёни ғарбӣ аз ашёи номаълум дар фазо нигаронӣ доранд

© Sputnik / Александр Моклецов / Гузариш ба медиабонкРадифи маснӯи замин аз навъи "Кайҳон" (Космос). Акс аз бойгонӣ
Радифи маснӯи замин аз навъи Кайҳон (Космос). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нозирон аз он нигаронанд, ки ин ашё силоҳи кайҳонист ва дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд шудааст, агарчанд истифодаи осоиштаи онро низ аз эҳтимол дур намедонанд.

 ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ситорашиносони ғарб ва низомиёни амрикоӣ ҷиддан ба назорату омӯзиши ҷисми ношиноси 2014-28E пардохта, ҳадс мезананд, ки ин ашёи кайҳонӣ мутаалиқи Русия буда, шояд далели рӯйи даст гирифтани барномаи  "Моҳвораи ҷанганда" аз сӯи Маскав аст, менависад РИА Новости дар такя ба иттилои The Financial Times.

Дар оғоз ҷисми кайҳонӣ чун боқимондаи кайҳонӣ пазируфта шуд, ки баъди дар моҳи май ба фазо сар додани се радифи алоқа бо шумули "Родник"-и Русия боқӣ мондааст. Баъдтар коршиносон аз ин фарзия худдорӣ варзиданд. Нозирон сабаби болоравии таваҷҷӯҳро ба ин ашё дар он мебинанд, ки дар бораи партоби он ба фазо эълон нашудааст.

"Ҳар чӣ ҳам набошад ин ҷисм (2014-28Е) як ашёи санҷишӣ барин менамояд. Шояд ҳадафҳои низомӣ ва ё осоишта дошта бошад…",- иттилоъ медиҳад  FT  дар тақвияти андешаҳои Патрисия Луис, роҳбари маркази таҳқиқи кайҳонии "Чатем Хаус".

Тақвияти пойгоҳи “Окно” аз ҷониби Русия

Ғарб аз он нигарон аст, ки Русия имкон дорад барномаи "Моҳвораи ҷанганда" (барномаи муқобалаи кайҳонӣ барои нобуд кардани радифҳои маснӯъи Замин)-ро аз сар бигирад. Маврид ба тазаккур аст, ин барнома дар замони побарҷо будани ИҶШС (СССР) рӯи кор омада буд ва пас аз пошхӯрии он қатъ гардид. Солҳои ахир дар аксари кишварҳои ҷаҳон таваҷҷӯҳ ба силоҳҳои кайҳонӣ ба маротиб бештар шудааст.

Наметавон гуфт, ки Русия ҳатман барномаи ёдшударо дубора роҳандозӣ мекунад, аммо бояд қайд кард, ки солҳои 2007 ва 2008 Чину ИМА имконияти нобудсозии моҳвораҳоро дар кайҳон ба намоиш гузошта буданд.  

Лентаи хабарҳо
0