Қонун дар бораи гирдиҳамоӣ аз ҷониби парлумон пазируфта шуд

© Sputnik / Игорь ЛекаркинДушанбе. Архивное фото
Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қонуни нав “Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо” бо раъйи аксарияти вакилони парлумон 12 ноябр пазируфта шуд, ки имкониятҳо ва маҳдудиятҳоеро дар бар дорад

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон тарҳи нави қонун "Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо"-ро имрӯз, 12 ноябр қабул кард, хабар медиҳад сомонаи парлумон.

Қонуни нав баргузории маҷлису гиридҳамоӣ ва роҳпаймоиҳои мусоламатомезро ба шаҳрвандон иҷоза дода, ҳамзамон маҳдудиятҳоеро пешбинӣ кардааст.

Муҳиддин Кабирӣ, вакил аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз қонуни ҷадид ситоиш карда гуфтааст, нисбат ба тарҳи қонуни қаблӣ дақиқтар ва мушаххастар аст, навиштааст хабаргузории Озодагон.

"Ҳатто ишора ба он шудааст, ки мақомоти давлатӣ бояд кумак ҳам расонанд. Нуктаи муҳимми дигар ин ки даъват ва ҳузури ташкилкунандаи гирдиҳамоӣ дар ҷаласае, ки барои баргузории он иҷоза дода мешавад, шарт гуфта шудааст ва албатта, ин дар қонуни пешин набуд", — нақли қавл кардааст Озодагон аз Кабирӣ.

Шодӣ Шабдолов, вакили Ҳизби комунистии Тоҷикистон низ қабули ин қонунро саривақтӣ номидааст. Ба иттилои Озодагон, Шабдолов гуфтааст, қонуни мазкур  дасти хориҷиҳоро барои анҷоми бетартибиҳо дар кишвар кӯтоҳ мекунад: "Дар замони шӯравӣ гирдиҳамоӣ ва митингҳо фаровон буд.

Здание парламента Республики Таджикистан. Фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Баррасии қонуни нав барои баргузории митингу роҳпаймоиҳо

Аммо ба ҷониби давлату ҷамъият ва вақте онҷо Иттиҳоди Шӯравиро барҳам доданд, мо қонуне надоштем, ки ин чизҳоро танзим кунем. Ҳар кас баромаду кӯчаҳоро пур кард ва бо дасту маблағи хориҷиҳо ҳамаро барҳам заданд. Мардуми мо тамоман намедонист, ки "коктел" чӣ аст. Дар ҳоле ки он замон бо истифода аз он бинои Кумитаи марказиро оташ заданд", — нақли қавл мекунад Озодагон аз Шабдолов.

Яке аз дигар шартҳои дар қонун пешбинишуда ин аст, ки ташаббускорон 15 рӯз пештар аз баргузории раҳпаймоӣ ва гирдиҳамоӣ бояд ба ҳукумати маҳалҳо ариза навишта, теъдоди иштирокдорон, ҳадаф ва ҷою вақти баргузориро дақиқ созанд.

Лентаи хабарҳо
0