ДУШАНБЕ, 11 ноя — Радиф Тоҷикистон. Парлумони Тоҷикистон бо баррасии лоиҳаи ҷадид фардо, 12 ноябр барои ташкили гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоӣ тартиботи нав ҷорӣ хоҳад кард, хабар медиҳад сомонаи расмии парлумон.
Лоиҳаи ҷадиди Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо", ки қарор 12 ноябр зимни ҷаласаи парлумон баррасӣ ва қабул гардад, тартиботи навро ҷорӣ хоҳад кард.
Лоиҳаи қонун барои баргузории маҷлису гиридҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷоза медиҳад, аммо ҳангоми баргузории ин чорабиниҳо маҳдудиятҳое дар ин лоиҳа пешбинӣ шудааст, навиштааст сомонаи Радиои Озодӣ.
Ин лоиҳа, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба парлумон ироа гардидааст, рӯзи гузашта дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасии аъзои ин шӯро қарор гирифт ва ба иҷлосияи навбатӣ пешниҳод шуд. Саттор Холов, муовини раиси кумитаи амният ва дифои Маҷлиси намояндагон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки тарҳи қонун бо ҳадафи танзими баргузории осоиштаи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо дар қаламрави кишвар баррасӣ ва қабул хоҳад шуд.
"Ҳафади асосии лоиҳа таъмини ҳуқуқу манфиатҳо ва озодиҳои шаҳрвандон ва амнияти онҳо ба ҳангоми баргузории ин гуна чорабиниҳо аст, — гуфтааст Холов. Шаҳрвандон ҳаққи баргузории маҷлису гирдиҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳоро доранд, аммо бояд дар чорчӯби қонун амал кунанд."
Ба навиштаи Озодӣ, тибқи муқаррароти лоиҳаи нав, ҳукуматҳои мақомоти иҷроияи маҳалҳо танҳо барои баргузории маҷлису гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоии то ҳазор нафар сокинон иҷоза медиҳанд. Аммо дар сурати бештар аз ин теъдод ва дар чанд макон баргузор кардани гирдиҳамоиву раҳпаймоиҳо, салоҳияти иҷоза барои баргузории ин чорабиниро ҳукумати вилоятҳо ва шаҳрҳо доранд.
Дар лоиҳаи қонун мушаххасан зикр шудааст, ки ташаббускорони чорабиниҳо бояд 15 рӯз қабл аз баргузории гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоӣ ба ҳукумати маҳалҳо бо ариза муроҷиат кунанд ва замону макон, теъдод ва ҳадафи онро баён созанд. Ҳамзамон ширкатдорони ҳамоишҳо набояд аз чорчӯбаи қонун берун шаванд, бо ниқобу дигар мавод рӯи худро пӯшонанд ва пас аз баргузории гирдиҳамоӣ ё роҳпаймоиҳо макони доиршударо тозаву тамизкорӣ кунанд, навиштааст Озодӣ.
Баргузории ҳама гуна маҷлису гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоӣ мутобиқи ин лоиҳаи қонун бо ширкати намояндагони ҳукумати маҳал, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот сурат мегирад ва дар сурати нақзи қонун аз сӯи баргузоркунандагон, онҳо ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, гуфтааст Саттор Холов, муовини раиси кумитаи амният ва дифои парлумони Тоҷикистон.
Ба навиштаи Радиои Озодӣ, баррасии лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» дар таҳрири нав дар палатаи поёнии парлумон дар ҳолест, ки қаблан парлумон ба ин қонун тағйиру иловаҳоеро ворид карда буд. Ҳамин тавр 25 июни соли ҷорӣ парлумони Тоҷикистон зимни ворид кардани тағйиру иловаҳо ба ин қонун истифодаи «коктейли Молотов»-ро (зарфи дорои махлути сузишворӣ) бо корбурди силоҳи оташфишон баробар дониста, барои ин ҷазои сахт муқаррар кард. Аммо на танҳо истифодаи «коктейли Молотов» ё омезаҳои оташангез, балки пӯшидани ниқоб дар тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо манъ шуд. Ҳамчунин дар ин қонун барои истифода аз силоҳу маводи сӯзанда ё тарканда дар рафти гирдиҳамоиҳо, ҷазо пешбинӣ шудааст.
Бар пояи қонуни амалкунанда, шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳаққи роҳандозии эътирозҳо ё мушорикат дар гирдиҳамоиҳоро надоранд. Саттор Холов, муовини раиси кумитаи амният ва дифои парлумони Тоҷикистон, ки аз муаллифони ин тарҳ аст, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, қонуни марбутаи Тоҷикистон дар соли 1998 қабул шуда, равандҳои муосирро фаро нагирифтааст ва ниёз ба ислоҳу такмил дорад.
Вале баррасии ин қонун дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки аз замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990 ба ин сӯ давлати Тоҷикистон ба баргузории ягон гирдиҳамоии эътирозӣ иҷозат надодааст ва ҳамаи талошҳои ташкили хурдтарин пикет ё эътироз ба вокуниши сахти мақомоти рӯбарӯ гаштаанд. Дар муқобил даҳҳо гирдиҳамоии тарафдорони давлат бо ташаббуси мақомоти давлатӣ ва зери ҳимояи онҳо ҷараён ёфтаанд.
Ахиран, Умаралӣ Қувватов, мухолифи гурезаи ҳукумати Тоҷикистон 10 октябри соли ҷорӣ қасд дошт тазоҳуроти густардаеро дар маркази Душанбе роҳандозӣ кунад. Аммо аз ҷониди шаҳрвандон ин даъват пазируфта нашуд ва ҳамин тавр тазоҳурот низ баргузор нагардид. Дар он шабу рӯз ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ дида буданд. Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ гуфта буд, ки ба баргузории ҳеч эътирози ғайри қонуни иҷозат нахоҳад дод.