Президент гуфт, Маҷмааи тандурустии Пойтахт-90 сари вақт сохта шавад

© Sputnik / Игорь ЛекаркинМаҷмааи тиббии "Пойтахт-90"
Маҷмааи тиббии Пойтахт-90 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президент Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, маҷмааи тандурустии Пойтахт-90 бояд дар фурсати муайяншуда ба истифода дода шавад, хабар медиҳад сомонаи расмии президент.

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Радиф Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ин сохтмон рӯзи 4 ноябр ба сохтмончиён барои меҳнати шабонарӯзиашон баҳои баланд дода, саломатӣ ва комёбиҳо таманно кардааст.

Маҷмааи мазкур бисёрсоҳавӣ аст, ки дар кӯчаи Неъмат Қарабоев сохта мешавад. Тибқи лоиҳа, беморхона барои 650 кат бо қабули 800 нафар дар як баст бунёд хоҳад шуд.

"Бинои асосии беморхона аз 3 то 9 ошёна буда, дорои шуъбаҳои гуногун — шуъба барои калонсолон, ҷарроҳии кӯдакона, ташхисгоҳ, утоқҳои асосӣ ва ёрирасон мебошад. Беморхона бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ ва муҳандисию техникӣ, томографияи компютерӣ, тиббӣ, резонансӣ ва дигар таҷҳизоту дастгоҳҳои тиббии замонавӣ муҷаҳҳаз мешавад",- менависад сомона.

Сохтмони маҷмаа моҳи апрели соли 2013 оғоз гардид ва мебояд дар моҳи июли соли 2015 ба анҷом расад.

Ин маҷмааи тандурустӣ дар Тоҷикистон яке аз калонтаринҳо буда, дар бунёди он се ҳазор сохтмончӣ ва мутахассиси маҳаллӣ саҳм мегузоранд. Дар сурати фаъол шудани  бемонрхона беш аз 2000 мутахассиси соҳаи тиб ба ҷои кор таъмин мегардад.

Лентаи хабарҳо
0