Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров дар Душанбе сабабу ҳадафи амалиёт дар Украинаро гуфт

© Sputnik / Константин МихальчевскийВоеннослужащий ВС РФ в зоне СВО
Военнослужащий ВС РФ в зоне СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2023
Обуна шудан
Русияро водор карданд, ки ба ҷанги оғозкардаи ҳукуматдорони Украина дар Донбасс посух диҳаду амнияти миллии худро таъмин созад, гуфт мақомдори баландпояи рус
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Мақомдорони ғарбӣ эътироф карданд, ки созишномаи Минск, танҳо баҳона барои тӯл додани вақту таҳкими қудрати низомии Украина буд.
Ин нуктаро вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров зимни мулоқот бо донишҷӯён дар Донишгоҳи славянӣ дар шаҳри Душанбе баён дошта, афзуд, ки ин худ баҳои созишпазирии ҳукуматдорони Киеву пуштибонҳои ғарбияшон мебошад.
Вай таъкид намуд, ки дар чунин шароит Маскавро маҷбур ба оғози амалиёти вижаи низомӣ карданд, то таҳдидҳо ба амнияти миллии Русия бартараф карда шаванд.
Дипломат гуфт, Русия ночор ба ҷанги оғозкардаи Украина дар Донбас барои ҳимояи русҳо ва русзабонҳо дар замине, ки садҳо сол аҷдодонашон дар ин ҷо зиндагӣ мекарданд, посух дод.
ФСБ предотвратила диверсию на объекте энергосистемы Крыма - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2023
Украина бо истифода аз "бомбаи ифлос" ба қаламрави Русия ҳамлаи террористӣ омода мекард
Лавров изҳор дошт, ки ҳаводиси Украина танҳо қисме аз мубориза барои низоми меъмории ҷаҳонӣ аст. Муайян мешавад, ки низоми ҷаҳонии оянда адолатпарвару бисёрқутбӣ хоҳад буд ё танҳо манфиатҳои кишварҳои алоҳидаро таъмин мекунад, изҳор дошт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ амалӣ карда истодааст.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи амалиёти вижаи низомиро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0