Кремл аз НАТО хост, Украинаро аз нияти зӯроварияш дар Донбасс боздорад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонк Заместитель руководителя администрации президента, пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
 Заместитель руководителя администрации президента, пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Обуна шудан
Таҷаммуи нерӯҳои украинӣ дар наздикии Донбасс далолат ба омодагӣ барои ҳамла мекунад
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия хост, ҳама аз Киев даъват кунанд, ки нияти ҳалли мушкили Донбасс бо истифодаи зӯровариро дар сар напарварад.

"Воқеан таҷаммуи нерӯ далолат ба омодагӣ барои амалиёти таҳоҷумӣ мекунад ва чунин хатар вуҷуд дорад", - гуфт Песков дар суҳбат бо рӯзноманигорон.

Вай афзуд, дар чунин шароит аз кишварҳои НАТО даъват карданд, то аз Киев дархост намоянд, ки шеваи зӯриро дар ҳалли мухолифати Донбасс кор набарад.
Таъкиди Песков ба ин нукта дар ҳолест, ки таҷаммуи нерӯҳои украинӣ дар наздикии хатти баҳамоӣ дар назди ҷумҳуриҳои худхондаи Луганску Донетск ва оташкушоиҳо 5 баробар афзоиш ёфтаанд.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия қаблан дар мулоқот бо мақомдорони ИМА бори дигар таъкид намуд, ки Русия нияти ҳамла ба хоки ҳич ҳамсояашро надорад. Ӯ гуфт, ҳамаи иттиҳомот алайҳи Маскав ба канор бурдани таваҷҷуҳ аз талошҳои Киев барои қатъи роҳҳои мусолиматомези мушкили Донбасс равона шудаанд.
Заместитель руководителя администрации президента РФ - пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Посухи Кремл ба паёми Киев дар мавриди гуфтушунид барои қатъи даргирӣ дар Донбасс
Мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.
Роҳҳои ҳалли ин мушкилро "чоргонаи нормандӣ" баррасӣ дорад, ки аз Русия, Украина, Олмон ва Фаронса иборат мебошад. Солҳои 2015-2016 тарафҳо сари аломатгузорӣ созиш карданду дар шаҳри Минск созишнома ба имзо расид. Дар мулоқоти ахири сарони кишварҳои узв, ки дар Порис моҳи декабри соли 2019 баргузор гашт, қарор шуд, ки созишномаи Минск заминаи асосӣ барои идомаи кор дар ин самт боқӣ монад.
Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0