https://sputnik.tj/20210716/qirghizistoni-afghoniston-bargasht-hamlai-terroristi-1040936880.html
Қирғизистонӣ аз ҷанги Афғонистон баргашт, то дар ватанаш ҳамлаи террористӣ анҷом диҳад
Қирғизистонӣ аз ҷанги Афғонистон баргашт, то дар ватанаш ҳамлаи террористӣ анҷом диҳад
Sputnik Тоҷикистон
КДАМ Қириғзистон мегӯяд, боздоштшуда аз таълими террористӣ гирифтааст ва дар амалиётҳои ҷангӣ дар Афғонистон ширкат кардааст
2021-07-16T15:35+0500
2021-07-16T15:35+0500
2021-07-19T12:52+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амният ва мудофиа
афғонистон
қирғизистон
кдам
боздошт
ҳамлаи террористӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040936320_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_9276e9dcedbb30b3eda7b819514ae3e2.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Як узви фаъоли созмони байналмилалии террористӣ, ки ба Қирғизистон барои анҷоми ҳамлаи террористӣ баргаштааст, боздошт шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ. Нерӯҳои амниятӣ муайян кардаанд, ки боздоштшуда таълимоти террористӣ гирифтааст ва дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Афғонистон ширкат кардааст. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ чорабиниҳои вижаро барои муайян ва пешгирии фаъолияти аъзо ва ҷонибдорони ташкилотҳои байналмилалии террористӣ дар ҷумҳурӣ, идома медиҳад, меафзояд манбаъ.Моҳи июн дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни "Толибон"* задухӯрдҳо оғоз ёфт. Ҷангиён дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ҷумҳурӣ, бо нерӯи нав бархостанд.Ҷанг барои осмон: оё миёни Туркия ва "Толибон"* дар Афғонистон ҷанг мешавад?Артиши Афғонистон талош дорад, ки ҳамлаи ҷангиёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо тибқи иттилои расмӣ, аз 398 вулусволӣ беш аз 200 тои он таҳти назорати "Толибон"* қарор гирифтааст.Хусусан бархӯрдҳои шадид дар марз бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20210715/nota-qirghiziston-tojikiston-intiqoli-afghoniston-1040913176.html
афғонистон
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040936320_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_3209d130e4afd67888dd64134bc58898.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
қирғизистон, амният, ҷанг, ҳамлаи террористӣ
қирғизистон, амният, ҷанг, ҳамлаи террористӣ
Қирғизистонӣ аз ҷанги Афғонистон баргашт, то дар ватанаш ҳамлаи террористӣ анҷом диҳад
15:35 16.07.2021 (Навсозишуда: 12:52 19.07.2021) КДАМ Қириғзистон мегӯяд, боздоштшуда таълими террористӣ гирифтааст ва дар амалиётҳои ҷангӣ дар Афғонистон ширкат кардааст
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Як узви фаъоли созмони байналмилалии террористӣ, ки ба Қирғизистон барои анҷоми ҳамлаи террористӣ баргаштааст, боздошт шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.
"Рӯзи 14 июл Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фаъолияти шаҳрванди Қирғизистон Г.М.-ро, ки аз минтақаи низоъ бо мақсади анҷоми амали террористӣ ба Қирғизистон омадааст, безарар кард", - омадааст дар хабарнома.
Нерӯҳои амниятӣ муайян кардаанд, ки боздоштшуда таълимоти террористӣ гирифтааст ва дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Афғонистон ширкат кардааст.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ чорабиниҳои вижаро барои муайян ва пешгирии фаъолияти аъзо ва ҷонибдорони ташкилотҳои байналмилалии террористӣ дар ҷумҳурӣ, идома медиҳад, меафзояд манбаъ.
Моҳи июн дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни "Толибон"* задухӯрдҳо оғоз ёфт. Ҷангиён дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ҷумҳурӣ, бо нерӯи нав бархостанд.
Артиши Афғонистон талош дорад, ки ҳамлаи ҷангиёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо тибқи иттилои расмӣ, аз 398 вулусволӣ беш аз 200 тои он таҳти назорати "Толибон"* қарор гирифтааст.
Хусусан бархӯрдҳои шадид дар марз бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия