Дар Тоҷикистон қонуни нави ҳарбӣ рӯзи 20 январ ба тасвиб расид, ки навгонии асосии он хизмати пулакӣ мебошад. Аммо то ҳол ҳаҷми маблағе, ки ҷавононро аз хизмати ҳатмӣ озод мекунад, дақиқ нашудааст.
Агар қаблан донишҷӯёне, ки дар кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳо мехонданд, аз хизмати ҳарбӣ озод буданд. Аммо тибқи тағйироти нав, ҳоло онҳо низ маҷбуранд, то як сол дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат кунанд. Илова бар ин, Тоҷикистон ба мисли Қазоқистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон хизмати пулакиро ҷорӣ кард, аммо то кунун маблағи он дақиқ нест.
Ҳоло дар Тоҷикистон шумораи умумии ҳарбиён 9 ҳазор нафар гуфта мешавад. Илова бар ин, 151,1 ҳазор ҷавонони Тоҷикистон дар синни аскарӣ қарор доранд.
Қонуни нави ҳарбӣ дар Тоҷикистон 20 январ тасдиқ шуд. Яке аз навгониҳое, ки дар он зикр мегардад, ин ҷорӣ шудани ҳуқуқи озод шудан аз хизмат бо пардохи маблағи муайян мебошад.