Саидзода дар суҳбат бо Патрушев ба ҳифзи ҳуқуқи донишҷӯён дар Русия таъкид кард

Вазири тоҷик пешниҳод кард, ки барои такмили механизми интихоби довталабон барои квотаҳои таҳсилотӣ ҳамкориҳои Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Тоҷикистон бо Маркази барномаҳои байналмилалӣ боз ҳам тақвият дода шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 май - Sputnik. Масъалаҳои густариши ҳамкориҳои гуманитарӣ ва таълимӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дар мулоқоти вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода бо роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Русия дар ҷумҳурӣ (Россотрудничество) Андрей Патрушев мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст.
Ҷонибҳо дар ин дидор таъкид намуданд, ки ҳамкориҳо, бахусус дар самтҳои таълим, омӯзиши забони русӣ, табодули фарҳангӣ ва дастгирии ҷавонон, сол ба сол тавсеа дар щоли тавсеаёбист.
Дар идомаи мулоқот вазири кишвар ба масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар доираи барномаҳои таҳсилотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия таҳсил менамоянд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Мо шоҳиди бузургтарин муқовимат пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ҳастем, - роҳбари "Россотрудничество".
Вазир таъкид кард, ки барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таъмини идомаи бемонеаи таҳсили донишҷӯён, тақвияти ҳамоҳангсозии сохторҳои марбутаи ду кишвар муҳим мебошад.
Ҳамчунин дар ин дидор, масъалаҳои вобаста ба будубош ва фаъолияти таҳсилии донишҷӯён, инчунин пешгирии ҳолатҳои номатлубе, ки метавонанд ба идомаи таҳсили онҳо таъсир расонанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири кишвар пешниҳод намуд, ки барои такмили механизми интихоби довталабон барои квотаҳои таҳсилотӣ ҳамкориҳои Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Тоҷикистон бо Маркази барномаҳои байналмилалӣ боз ҳам тақвият дода шавад.
Россотрудничество ба мактабҳову донишгоҳҳои Тоҷикистон беш аз 15 ҳазор китоб тӯҳфа кард
Ҳамчунин вазир пешниҳод кард, ки бо мақсади баррасии саривақтии масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои донишҷӯён ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти мавҷуда, механизми ҳамоҳангсозии муштарак миёни сохторҳои дахлдори ду кишвар роҳандозӣ карда шавад.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор дошта, таъкид намуданд, ки чунин ҳамкориҳо барои рушди сармояи инсонӣ, таҳкими робитаҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои илмиву фарҳангии ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.